Санаи 05.04.2023 тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар толори Кохи фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмон вохӯрии судман доир ба пешгири ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатшои тундагаро, иҷрои нақшаи даъват ва тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони ҷамоати шашрак баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Иззатов Лутфулло ва муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ибодуллозода Уктам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир, раванди ташаккулёбии вазъият нишон медиҳад, ки густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, ба амният ва суботу оромии минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод менамояд. Яъне экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср маънидод карда мешавад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳиро ба истифода доданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Анко-Инвест»-ро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти корхона дидан карданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пунбадона оғоз бахшида, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд