1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳиро ба истифода дода, аз намоиши дастовардҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корпоратсияи моҳии тоҷик» боздид намуданд.
Ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, дар онҳо парвариши 100 ҳазор моҳича ба роҳ монда шудааст.
Ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти амалишавии “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” маҳсуб ёфта, барои таъмини ҳадафи стратегии амнияти озуқаворӣ, фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва боло бардоштани иқтидори содиротӣ мусоидат мекунад.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Озода Косметикс»-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд