1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.
Сохтмони майдони Парчами давлатӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шудааст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод хати оби полезиро ба истифода дода, ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок намуданд
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ