zoofirma.ru

ПӮЛОТОВ Наимҷон Набиҷонович

31-уми августи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро (рӯзона)  ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1995-1997 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи №33 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Солҳои  1997-1998 мутахассиси ширкати тиҷоратии «Парвиз»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 1998-1999 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 1999-2004 ёрдамчии раиси шаҳри Хуҷанд, солҳои 2004-2007 мудири  шуъбаи  робитаҳои беруна ва фаъолияти иқтисодии бурунмарзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд,     солҳои 2007-2008 муовини сардори Раёсати ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва назорати дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, солҳои 2008-2010 мудири  бахши ислоҳот ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, соли 2010 сармутахассиси шуъбаи назорат ва протоколи дастгоҳи  Раиси вилояти Суғд, солҳои 2010-2011 мудири шуъбаи сармоягузории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  вилояти Суғд, солҳои 2012-2013 сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр ва аз моҳи декабри  соли 2013 дар мансаби мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон кор мекунад.