23 Феврал 2013
31-уми августи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро (рӯзона) ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1995-1997 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи №33 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Солҳои 1997-1998 мутахассиси ширкати тиҷоратии «Парвиз»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 1998-1999 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 1999-2004 ёрдамчии раиси шаҳри Хуҷанд, солҳои 2004-2007 мудири шуъбаи робитаҳои беруна ва фаъолияти иқтисодии бурунмарзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2007-2008 муовини сардори Раёсати ташкилӣ, кор бо кадрҳо ва назорати дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, солҳои 2008-2010 мудири бахши ислоҳот ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, соли 2010 сармутахассиси шуъбаи назорат ва протоколи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, солҳои 2010-2011 мудири шуъбаи сармоягузории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, солҳои 2012-2013 сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аз моҳи декабри соли 2013 дар мансаби мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон кор мекунад.