zoofirma.ru

Дар доираи дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 03.12.2025 дар шаҳри Гулистон тақдими китоби «Шоҳнома» ба сокинони шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Гулистон оғоз гардид. Ин шоҳасар, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба шаҳрвандон ҳадя карда шуда истодааст.

Зимни маросими тақдимкунӣ ба собиқадорони меҳнати шаҳр таъкид гардид, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи безаволи адабиёти классикӣ ва рамзи ҳифзи ҳувияти миллӣ барои тарбияи худшиносии насли наврасу ҷавон аҳамияти бузург дорад. Ин иқдом густариши сатҳи маърифат, эҳтиром ба мероси ниёгон ва эҳёи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад.

Собиқадорон барои ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба рушди маърифати ҷомеа изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Қайд гардид, ки чунин тадбирҳо на танҳо маънавиёти ҷомеаро таҳким мебахшанд, балки дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва омӯзиши осори бузургони адаб нақши муассир мегузоранд.