zoofirma.ru

Бо мақсади амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2025, №403 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2027” ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар шаҳри Гулистон аксияи васеъи иттилоотӣ таҳти шиори «Инсон ҷоизи савдо нест!» ва «Ҷавонон зидди савдои одамон» баргузор гардид.

Дар ин ташаббуси умумӣҷумҳуриявӣ, ки имрӯз бо ташаббуси якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон фаъолона ҳамовозӣ намуд.

Аксияи мазкур дар остонаи маъракаҳои оммавии варзишӣ — «Дави миллӣ» ва марафони велосипедронӣ сурат гирифта, таваҷҷуҳи зиёди ҷавонон, варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни шаҳрро ба худ ҷалб намуд. Варзиш ва тарзи ҳаёти солим ҳамчун рамзи озодӣ, нерӯ ва мубориза ба зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа унвон карда шуд.

Дар рафти аксия аз ҷониби ташкилкунандагон ва волонтёрон ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Гулистон варақаҳои махсуси иттилоотию тавзеҳотӣ дастрас карда шуданд. Дар ин варақаҳо маълумоти муфассал дар бораи хатарҳои савдои одамон, роҳҳои пешгирии он, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рақамҳои телефонҳои боварии мақомоти дахлдор дарҷ ёфтаанд.

«Хариду фурӯши инсон — ҷиноят аст! Озодӣ, эҳтиром ва ҳуқуқ барои ҳар як кас кафолат дода шудааст. Мо бояд ҳама якҷоя бар зидди ин даҳшат мубориза барем ва ба он поён диҳем!» — таъкид гардид дар рафти тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ.