zoofirma.ru

Дар бораи даъвати иҷлосияи бистуми Маҷлиси

вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

  1. 1. Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум 21-уми октябри соли 2019, соати 09:00 даъват карда шавад.
  2. 2. Ба баррасии Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шавад:
  3. 2.1.   Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №21 аз 03.01.2014 “Дар бораи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 дар шаҳр;

2.2.  Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ;

2.3.  Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Кӯҳкан”, № 26 Сафаров Рустам Нарзуллоевич оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ;

2.4. Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр гузошта шавад.

 

 

Раиси шаҳр                                           Фирдавс Шарифзода