18 Октябр 2019
Дар бораи даъвати иҷлосияи бистуми Маҷлиси
вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- 1. Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум 21-уми октябри соли 2019, соати 09:00 даъват карда шавад.
- 2. Ба баррасии Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда шавад:
- 2.1. Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №21 аз 03.01.2014 “Дар бораи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 дар шаҳр;
2.2. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ;
2.3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Кӯҳкан”, № 26 Сафаров Рустам Нарзуллоевич оид ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ;
2.4. Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр.
3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр гузошта шавад.
Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода