10 Сентябр 2025
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр:
1.Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр 1-ҷой маоши мансабӣ - 3072 сомонӣ;
2.Мудири бахши дин танзими ҷашну маросими мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1-ҷой маоши мансабӣ - 2520,54 сомонӣ;
3.Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1-ҷой маоши мансабӣ - 1865,28 сомонӣ;
4.Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой маоши мансабӣ – 1865,28 сомонӣ;
Мақомоти худидоракунии Ҷамоати шаҳракҳо:
5.Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Консой 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ;
6.Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Консой 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ
7.Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Консой 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ;
8.Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ;
9.Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ;
10.Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1-ҷой маоши мансабӣ 2073,60 сомонӣ;
11.Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Сирдарё 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ;
12.Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Сирдарё 1-ҷой маоши мансабӣ 2073,60 сомонӣ;
13.Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ;
14.Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ;
15.Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Чойруқдарон 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ;
16.Сармутахассис заминсозӣ Ҷамоати шаҳраки Навгарзан 1-ҷой маоши мансабӣ - 2073,60 сомонӣ;
17.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Зарнисор 1-ҷой маоши мансабӣ - 1638,24 сомонӣ;
18.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Консой 1-ҷой маоши мансабӣ - 1638,24 сомонӣ;
19.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Сирдарё 1-ҷой маоши мансабӣ - 1638,24 сомонӣ;
20.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон 1-ҷой маоши мансабӣ - 1638,24 сомонӣ;
21.Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 1-ҷой маоши мансабӣ - 1638,24 сомонӣ;
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ва ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4*6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (тариқи нотариалӣ тасдиқгардида);
-нусхаи давтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038УБ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ - аз нозироти андоз;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ ва таъқиби ҷиноятӣ аз РВКД вилояти Суғд;
-маълумотнома аз ҷои зист;
-маълумотнома (объективка)
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудирирони шуъбаву бахш:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;
-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлати ё 3 сол собиқаи умуми меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;
-донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси
пешбар ва нозири мизи ҳарбӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи умумӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;
- донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер, барномаҳои “WORD, EXCEL”, шабакаи интернетӣ, сомонаҳо ва почтаи электронӣ;
- донистани забони давлатӣ ва забони муоширати байни миллатҳо (русӣ);
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Гулистон, кӯчаи Истиқлол №79 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, ошёнаи 2 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр телефон барои маълумот: 83443, 2-46-11, почтаи электронӣ kadr5151@mail.ru