Матни равон

Пӯлотзода Илҳом Пӯлот 23.12.1984 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ соли 2002 ба Донишгоҳи давлатии Тиббии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2007 бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 2014-2017 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олии иқтисодӣ гардидааст.

Солҳои 2016-2018 дар зинаи магистратураи Донишгоҳи федералии давлатии “Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии Русия дар назди Президенти Федератсияи Русия” таҳсил намудааст.

Фаъолияти кориро соли 2007 ба ҳайси ҷонишини мудир дар дорухонаи №7-и КВД «Суғд фарматсия»-и вилояти Суғд оғоз намудааст. Солҳои 2008-2009 дар Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд ба ҳайси мутахассиси пешбар, солҳои 2009-2014 ҷонишини сардори КВД «Суғд-фарматсия»-и вилояти Суғд, солҳои  2014-2018 сардори КВД «Суғд-фарматсия»-и вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз соли 2018 то соли 2019 дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ба ҳайси сардори шуъбаи назорати давлатӣ оид ба фаъолияти тиббӣ ва аз соли 2019 то санаи 04.01.2025 ба ҳайси сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд фаъолияти корӣ дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2025, №895 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд таъин гардид.

Пӯлотзода Илҳом Пӯлот вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Аълочии Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фарматсевтӣ буда, барои хизматҳои содиқонаи меҳнатӣ  соли 2023 бо Медали «Шавқат» қадрдонӣ гардидааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:281
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2180
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8493
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12508
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:22957
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68472
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8367530

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?