Матни равон

(01.01.2018)

Шаҳри Гулистон яке аз шаҳрҳои муосир ва пешрафтаи вилоят ба шумор меравад. Дар муддати зиёда аз 50 сол шаҳри Гулистон ба як қатор комёбиҳо ноил гашт. Чунончи айни ҳол дар миқёси шаҳр  1 коллеҷи тиббӣ, 15 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 муассисаҳои томактабӣ,  24 муассисаҳои тиббӣ, 27 муассисаҳои оммавӣ-фарҳангӣ, 27 корхонаҳои саноатӣ мунтазам фаъолият доранд. Дар тамоми корхонаву ташкилотҳои шаҳр зиёда аз 10000 нафар бо ҷои корӣ таъмин мебошанд. Музди миёнаи маоши кормандони шаҳр яке аз балантаринҳо буда, зиёда 2000 сомониро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо тамоми корхонаҳои шаҳр бо 23 кишварҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ доранд.

Омили асосии пешравии шаҳри Гулистон ин корхонаҳои саноатии шаҳр ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр зиёда аз 90 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Корхонаҳои саноатии шаҳр барои ғанӣ гардонидани буҷет саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Дар ин радиф корхонаҳои хурд ва соҳибкорӣ низ дар миқёси шаҳр рушд ёфта истодааст. Танҳо дар давоми се соли охир  дар ҳудуди шаҳр корхонаи истеҳсоли профилҳои оҳанини «Файз 777», корхонаи истеҳсоли тахтаҳои асбестӣ «Ориёно Б.Б.» ва корхонаи истеҳсоли плитаи оҳану бетонӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Баҳри осон гардидани фаъолияти корхонаву ташкилотҳо ва аҳолӣ дар шаҳри Гулистон филиали се бонкҳо – Амонатбонк, Ориёнбонк ва Эсхата фаъолият доранд.

Шаҳри Гулистон бо ҷомеаи мутамадин ҳамқадам мебошад. Чунончи дар миқёси шаҳр тамоми ширкатҳои мобилӣ алоқаи босифатро барои аҳолӣ пешниҳод менамоянд. Тамоми марзи шаҳр бо барномаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ фарогир мебошанд.

Алҳол соҳили «Баҳри тоҷик» ба яке аз маконҳои биҳиштосои Тоҷикистон мубаддал гардида истодааст. Дар ин минтақа осоишгоҳҳо, хонаҳои истироҳатӣ, урудгоҳҳо бо таври замонавӣ сохта ба истифода дода шуда истодаанд.

 

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:133
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:772
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:905
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10281
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3769
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8162524

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?