Омӯзгорони арҷманд!
Касби омӯзгорӣ, фаъолияти ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ ва заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори иззату эҳтиром мебошад.
Омӯзгор машъали фурӯзон аст, ки тинати мардумро нур мебахшад. Нақши омӯзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон ба маротиб афзуд.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.






2-юми октябри соли 2026 тибқи нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор Конференсия илмӣ назариявӣ таҳти унвони “Нақши омӯзгор дар таҳкими забони давлатӣ” бо иштироки омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон баргузор гардид.
Имрӯз, сеюми октябри соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст.
Санаи 01.10.2026 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.














