09 Август 2018
ДУШАНБЕ, 09.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯйхати кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, кӯшишҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳ ба ҳизби наҳзат ва таъсиси «хилофат» идома медиҳанд. Онҳо аз ҷазои ҷиноии сазовор барои фаъолияти террористиашон пинҳон шуда, ба таври виртуалӣ тавассути шабакаи интернет ба омма муроҷиат мекунанд.
Тасдиқи нави фаъолияти террористӣ доштани ТТЭ ҲНИ ин баромади террорист-чаласавод «Абу Усомаи Норакӣ», узви фаъоли ТТЭ ҲНИ мебошад. Ӯ муддати зиёд бо истифода аз бесаводии динии ҷавонон онҳоро ба сафи ТТЭ ҲНИ ҷалб менамуд. «Абу Усомаи Норакӣ» яке аз созмондиҳандагон ва роҳбарони амали террористӣ, ки 29 июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Данғараи Тоҷикистон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ содир карда шуд ва иҷрокунандаи асосии он узви фаъоли ин ҳизб Абдусамадов Ҳусейн буд, мебошад.
Далели зери парчами ДОИШ пинҳон шудан ва узви фаъоли ТТЭ ҲНИ будани «Абу Усомаи Норакӣ» он аст, ки ӯ дар шаҳри Хоши Ҷумҳурии Исломии Эрон зиндагӣ мекунад. Тавре маълум аст, ҳеҷ яке аз аъзои ДОИШ аз шумули шаҳрвандони ҶТ агар аъзои ТТЭ ҲНИ набошад дар он ҷо зиндагӣ карда наметавонад. Далелҳо гувоҳи раднопазиранд. Ва онҳо яқинан аз ин шаҳодат медиҳанд.
Ва дар ҳар сурат, кист ӯ – «Абу Усомаи Норакӣ»? Зери лақаби «Абу Усомаи Норакӣ» Назаров Тоҷиддин Мирзораҳимович, с.т. 1989, зода ва истиқоматкунандаи қишлоқи Ӯзбеклангари шаҳри Норак, маълумоташ миёнаи нопурра, пинҳон мебошад. Ӯ дар мактаб бад мехонд ва бинобар ин аз он хориҷ карда шуд. Шуғли асосиаш дуздӣ дар бозор, мағозаҳо ва боғҳои мевадиҳанда буд. Табиист, ки ин писар зери таваҷҷуҳи муллоҳои маҳаллӣ қарор гирифт. Бахташ дар мактаб ва дуздӣ баландӣ накард, вале дар таҳсилоти динӣ «толеаш» тофт. Назаров Т.М. дар ҳоле, ки ҳанӯз наврас буд, бар ивази омӯхтани ақлу хирад дар мактаби маҳаллӣ ба масҷид мерафт. Бинобар ин, Назаров T.M.-ро роҳбари ячейкаи шаҳри Норак Манонов Қурбон зери назорати худ гирифт.
Маълумот: Манонов Қурбон Шералиевич, с.т. 1942, сокини ноҳияи Панҷ, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ, иштирокчии амалиёти ҷангӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз тарафи ИМТ. Манонов Қ. муддати зиёд Назаров T.M.-ро таълимоти динӣ дода, аз муваффақиятҳои шогирдаш ифтихор мекард. Дар робита ба ин, ба синну соли ҷавониаш нигоҳ накарда, ӯро мудири шӯъбаи фарҳанги ячейкаи ҳизбӣ дар шаҳри Норак таъйин намуд. Ҳамзамон ӯро ба дастаи футболи «Салмони Форс», ки дар он дигар аъзои ТТЭ ҲНИ низ тамрин менамуданд, шомил кард.
Соли 2014 Назаров Т.М. тибқи дастури роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб ба қаламрави Федератсияи Россия фиристода шуд ва баъдан супориш гирифт, ки ба сафи ДОИШ ҳамроҳ шавад.
Албатта, ҳамаи ин амалҳо ташаббуси худи Назаров Т.М. набуданд, балки аз ҷониби мураббии наҳзатӣ Манонов Қурбон, ки дар навбати худ бо маслиҳати роҳбарияти олии ТТЭ ҲНИ амал мекард, идора мешуданд. Писари ӯ Манонов Абдушукур Шералиевич соли 2015 баъд аз нокомии кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона дар Тоҷикистон ба Латвия фирор кард. Манонов А. ҳамчун узви ТТЭ ҲНИ фаъолияти зиддиконститутсионии худро давом дода, дар конфронси шармандавор ва нокоми ТТЭ ҲНИ моҳи июли соли 2018 дар Дортмунд иштироки фаъолона дошт. Бародари ӯ Манонов Ҳабибулло Шералиевич, с.т. 1978, узви ТТЭ ҲНИ дар ҳодисаҳои сентябри соли 2015 фаъолона иштирок дошт, пас аз он ба Эрон фирор кард ва ҳоло он ҷо пинҳон аст. Бародари дигари Манонов Қ. – Манонов Искандар Шералиевич, с.т. 1987, сокини ноҳияи Данғара, дар кӯдакӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифта, соли 2006 бо мусоидати Манонов Ҳабибулло барои таҳсил ба мадрасаи «Ҷамоат-ул-Мустафо»-и шаҳри Гургони Ҷумҳурии Исломии Эрон фиристода шуд. Ҳамсари Манонов Искандар - Ғоибова Зайтуна Умаровна, с.т. 1987, сокини ноҳияи Фархор мебошад, ки дар мактаби динии шаҳри Машҳади ҶИЭ таҳсил кардааст. Ҳамаи аъзои оилаи Маноновҳо аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ онҳо дар Эрон қарор доштанд ва соли 1998 ба Тоҷикистон баргаштанд.
Паёмҳои гуногун аз номи ДОИШ ва зери парчами он, ки аз ҷониби Назаров Т.М. бо мақсади ташвиқ ва тарсонидан истифода шудааст, ташкилоти террористии мазкур аллакай дигар истифода намекунад. Ин ТТЭ ҲНИ аст, ки аз парчами бегона – парчами сиёҳи ДОИШ истифода карда, зери он ҷиноятҳои навбатии худро пинҳон месозад.
Агар касе воқеан ҳақиқатро донистан мехоҳад, пас тарҷумаи ҳол, мавқеи идеологӣ, марҳилаҳои ташаккулёбии Назаров Тоҷиддин ҳамчун ҷанговари ДОИШ – узви ТТЭ ҲНИ бояд барои мулоҳиза сабаб гарданд.
Истифодаи бренд ё худ номи ДОИШ ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиши ҳадафҳои худ, пинҳони изи фаъолияти ТТЭ ҲНИ, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳамлаи террористии мудҳиш содир намуда, зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва молии ҶИЭ қарор дорад, меъёри фаъолият ва усули аксарияти хадамоти махсуси сайёра мебошад. Тавре маълум мегардад, дар ин замина сарпарастони ТТЭ ҲНИ низ истисно нестанд. «Чӣ фарқ аст, ки гурба чӣ ранг дорад? Муҳим он ки он аз рӯи дастур амал кунад».
Чунин ҳолат дар солҳои 90-ум низ дар Тоҷикистон мушоҳида мешуд, вақте ки ТТЭ ҲНИ дар асоси нақшаҳои сарпарастони хориҷии худ марҳилаи мусаллаҳонаи ҷанги шаҳрвандиро оғоз намуда буд. Ҷиноятҳои аввалини он асир гирифтан, куштор ва пора-пора кардани ҷасадҳои одамон буданд.
Шиканҷа ва таҳқире, ки ДОИШ имрӯз пеша кардааст, онҳо ду даҳсола қабл анҷом медоданд.
Ихтирои наҳзатиён «бочка-зиндон» ва «бочка-шиканҷа» буд. Аъзои ТТЭ ҲНИ одамони бегуноҳро ба чунин бочкаҳо андохта, супориш медоданд, ки аз берун ба онҳо бо ашёҳои оҳанин зарба зананд. Аз садои даҳшатнок ва баланд пардаҳои гӯши одами дохили бочка мекафиданд. Касро то ба ҳолати номукаллафӣ бурда мерасонданд ва ё қалбаш бар асари сарбории вазнини психологӣ боз мемонд. Ин усулҳои даҳшатноктарини ҷазо, шиканҷа ва қатл, ки ТТЭ ҲНИ ихтироъ кардааст, нисбат ба ҳазорон нафар шаҳрвандон истифода шудаанд.
Дар дилхоҳ давлат чунин ҷиноятҳои номатлуби ташкилоти террористиро ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Дар мисоли худи Аврупо низ. 80 сол сипарӣ шуд, вале имрӯз ҳам ҷинояти содиркардаи фашистҳоро набахшидаанд ва дар оянда низ нахоҳанд бахшид. Ҷиноятҳои дар боло зикршудаи ТТЭ ҲНИ аз фашизм ҳеҷ камие надоранд. Фашистон одамонро дар ҳуҷраҳои газӣ мекуштанд ва ТТЭ ҲНИ бошад дар бочкаҳои оҳанин. Ҳамин тавр, метавон бо итминон гуфт, ки ТТЭ ҲНИ аз оғози солҳои 90-ум ихтироъкор ва «таълимдиҳанда»-и бадкирдориҳои ваҳшиёна бар зидди инсоният мебошад ва ДОИШ бошад «шогирд-пайрав»-и серталош. ТТЭ ҲНИ аз оғози мавҷудияташ ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ буд. Намояндагони миллатҳои гуногун, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекарданд, қурбонии амалҳои он гардида буданд. Ва ин ҳамагӣ якчанд далеле аст, ки даст доштани ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷиноятҳои ғайриинсонӣ тасдиқ мекунанд. Боз кадом далелҳо лозиманд?
Бинобар ин, ҳамлаи нави террористии ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби он нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ содир карда шуд, нишонаи он аст, ки талош доранд таърихи хунуни солҳои 90-умро такрор намоянд.
Муроҷиати оммавии чунин чаласаводон, аъзои ТТЭ ҲНИ, ба мисли Назаров Т.М. ва амсоли ӯ - кори методӣ ва комилан интизорӣ аст.
Дилхоҳ сокини Тоҷикистон, хешовандони қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро пурсед. Бигзор онҳо тафсилоти кӯшиши таъсиси давлати исломӣ дар Тоҷикистон зери парчами ТТЭ ҲНИ-ро ба шумо нақл кунанд. Он гоҳ ба шумо мавҷуд будан ва набудани фарқият миёни ТТЭ ҲНИ ва ДОИШ маълум мегардад.
Тасдиқи ҳуҷҷатии яку якбора узви ДОИШ шудани узви ТТЭ ҲНИ Назаров Тоҷиддин ин қонунияти одӣ ва маъмулӣ аст. Агар ба ҳадафи умумии онҳо бингарем, маъулм мегардад, ки ҳарду ташкилот мақсади таъсиси «Давлати исломӣ»-ро доранд. Тавре ки онҳо кӯшиш карданд, ки дар Сурия амалӣ намоянд. Идеологияашон монанд аст. Таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро дида баромада, усулҳои
амали онҳоро дарк кардан мумкин аст. Қисме аз онҳо аллакай ёдоварӣ шуданд. Хулоса бароред ва ҷӯед, ки дар куҷо айният ва дар куҷо фарқият аст. Дар бораи сарпарастони ҳам ғарбию ва ҳам шарқии онҳо низ фаромӯш накунед. Ва ҳамааш аён мегардад.
Самиев Холмаҳмад,
Номзади илми таърих,
дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон