Матни равон

Муовини Раиси шаҳр роҳбарии умумиро ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, фарҳанг, санъат, дастгирии занон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар ӯҳда дошта, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми муасисаю ташкилотҳои соҳа ва иттиҳодияҳои гуногуни ғайридавлатии марбути соҳаро дар қаламрави шаҳр ба амал мебарорад.

Ба соҳаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, васоити ахбори умум - рӯзномаҳо. Телевизион ва радио. Бойгонӣ, татбиқи сиёсати давлат оид ба ҷавонон, варзиш ва саёҳат, нашриёт, иттилоотонӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, хазинаҳо, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, аз ҷумла воситаҳои аёнии тарғиботӣ, фаъолияти кино видео – намоишдиҳӣ, назоратӣ иҷроиши санадҳои меъёрии қуқуқии мақомотҳои давлатӣ, Маҷлиси вакилони халқи шаҳр. Раиси  шаҳр ва интизоми иҷроияро дар соҳаҳои марбутаи мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ӯҳда гирифта, ҳамоҳангсозии фаъолияти иттифоқҳои касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, сохтори масъули  кор бо ташкилотҳои динӣ ва ғайраро ба роҳ мемонад.

 

Дар сурати ҳозир набудани муовини Раиси шаҳр оид ба масъалаҳои  илм ва танзими робитаҳои ҷамъиятӣ иҷрои вазифаҳои ӯ бо супориши Раиси шаҳр ба зиммаи яке аз муовинони Раиси шаҳр гузошта мешавад.

Муовини Раиси шаҳр чунин вазифаҳоро бевосита анҷом медиҳад:

 

  • ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи мазкур роҳбар менамояд;
  • барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди фарҳанги тамоми халқиятҳои дар шаҳр буда, ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ,  таърихӣ бо истифода аз тамоми воситаҳои бо қонун пешбинишуда  тадбирҳо меандешад;
  • ба ташкил ва беҳдошти низоми маблағгузории таҳия ва татбиқи лоиҳа  ва барномаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва дигар мабаҳои маблағгузории ғайридавлатӣ, инчунин сармоягузории хориҷӣ сурат мегирад, роҳбарӣ менамояд;
  • барои иҷрои Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, кор бо занон якҷоя бо сохторҳои далхдор тадбирҳои мушаххас меандешад;
  • иттиҳодияҳои эҷодиро дастгирӣ намуда, ҳамоҳанг  сохтани фаъолияти онҳоро бо дигар сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъмин менамояд;
  • ба масъалаҳои никоҳ, оила, саломатии репродуктивӣ ва танзими расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маръракаҳои мардумӣ дар шаҳр роҳбарӣ менамояд;
  • роҳбарии бевоситаро ба кори комиссияҳои шаҳрии фавқуллоддаи зиддиэпидемиологӣ, татбиқи қонуни забони давлатӣ, кор бо ноболиғон дар ӯҳда дорад;
  • татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, фарҳанг, санъат, дастгирии занон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар ӯҳда дошта, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми муасисаю ташкилотҳои соҳа ва иттиҳодияҳои гуногуни ғайридавлатии марбути соҳаро дар қаламрави шаҳр ба амал мебарорад.
  • ба татбиқи сиёсати давлатӣ доир ба илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, тайёр кардани мутахассисон роҳбарӣ менамоянд;
  • ба ҷараёни таҳия, татбиқ ва  назорати Барномаи оид ба сиёсати ҷавонон, фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ роҳбарӣ менамоянд;
  • фаъолияти тамоми муассисаҳои воситаи ахбори умумро новобаста аз мансубияти моликияташон роҳбарӣ ва ҳамоҳанг месозад;
  • ҷиҳати устуворгардонии фаъолияти бойгониҳо ва ташкили хизматрасонии дурусти онҳо ба шаҳрвандон чораҷӯӣ менамояд;
  • бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ ҳамкорӣ намуда, фаъолияти онҳоро бо сохторҳои давлатӣ ҳамоҳанг месозад;
  • бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи шаҳр ва Шӯрои собиқадорони ҷангу  меҳнат, ҷанговарони интернатсионалистии шаҳр ҳамкориро ба роҳ мемонад;

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:587
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4702
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55839
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8265351

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?