Матни равон

Соли 2017 бо баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд ва таҷлили бошукӯҳи санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 — солагии қабули Парчами давлатӣ ва “Соли ҷавонон” барои тоҷикистониён ва тоҷикони олам соли басо хотирмону таърихӣ буд.

Дар ин сол инчунин аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид 25 сол сипарӣ гардид. Дар ин соли бобарор ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо якчанд давлати олам, аз ҷумла, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Франсия ва Малайзия 25 сол пур шуд.

Соли 2017 аз номи сарони давлатҳо ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи сайёра ба унвони Пешвои миллат ба муносибати 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва хотирмон таҷлил карданд. Дар баробари истиқболи сазовори ҷашнҳои миллӣ дигар санаҳои фархундаи давлату миллат, аз қабили Рӯзи Модар, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Ғалаба, Иди саиди Фитр ва Иди Қурбон ҷашн гирифта шуданд, ки дар тантанаҳои идонаи аксари онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Дар бештари дигар рӯзҳои ҷашнӣ Пешвои миллат тавассути паёмҳои шодбошӣ шаҳрвандони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро бо ин санаҳои фархунда табрику таҳният гуфтанд.

Мардуми ҷумҳурӣ соли 2017 бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии сарзамини аҷдодӣ ва ба давлати пешрафтаву рушдёбанда мубаддал гардондани Ватани хеш талошҳои арзишманд ба харҷ доданд.

Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ сафарбар кард. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ мегарданд. Тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020” ворид гаштаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, дар ин давра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ дар нақша аст.

Президенти мамлакат вазъи имрӯзаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки соли 2017 нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7,1 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 61,1 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонда мешавад. Дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Қисми даромади Буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст.

Агар ба дастовардҳои мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ назар афканем, бармало мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ баҳри рушду пешрафт ва тараққиёти ҷумҳурӣ аз тамоми воситаву имконот самаранок истифода бурда, тавассути таҳия ва татбиқи барномаҳои пурсамари давлатӣ, аз қабили стратегияҳои миллии рушд ба комёбиҳо ноил гардид. Сатҳи зиндагии мардум дар ин давра беҳтар шуд. Акнун ҳадафи дигару муҳим-саноатикунонии мамлакат, яъне аз давлати аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ мубаддал гардондани Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври матлуб дар амал татбиқ мешавад.

Дар соли 2017 барои саноатикунонии мамлакат бо бунёди Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд қадами муҳим гузошта шуд. Дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои гидроэнергетикии мамлакат бо дастури Пешвои миллат шурӯъ аз соли 2017 маҳдудияти неруи барқ дар саросари ҷумҳурӣ пурра бардошта шуд. Дар ин хусус Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ҷумҳурӣ интишор гардид.

Дар роҳи татбиқи ҳадафи сеюм ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ низ тадбирҳои муассир андешида шуданд.

Соли 2017 бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мусоидат ба беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои мамлакат сафарҳои корӣ анҷом доданд. Ҳар як сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо муждаи ободонию созандагӣ буда, мулоқоту суҳбатҳои самимии Сарвари давлат бо мардум рӯҳияи онҳоро барои ба мамлакати пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон баланд мебардорад.

Соли 2017 низ чун солҳои пешин ба сабзакорӣ, бунёду барқарор кардани боғҳои наву кӯҳна, ҳифзи муҳити зист, сохтмони марказҳои фарҳангию фароғатӣ, мактабҳо, марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишӣ, ободонии маҳалҳо, кӯчаву хиёбон, бахусус ба шаҳри зебо табдил додани пойтахти мамлакат аҳамияти махсус дода шуд.

Нахустин сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Хатлон ҳам ҳадафи асос гузоштан ба корҳои созандагӣ ва рушди соҳаи боғутокпарварӣ буд. Давоми соли 2017 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 22 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом доданд.

4 марти соли 2017 нахустин сафари корӣ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон оғоз гардид. Зимни ин сафар Сарвари давлат дар мавзеи Фахробод бо лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа шинос шуданд. Дар ин рӯз Президенти мамлакат дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”, воқеъ дар хоҷагии фермерии “Асадулло”, бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва коргарони ин хоҷагии намунавӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, ҳамчун рамзи баҳору Наврӯз дарахт шинонданд.

Чунин иқдоми нек дар рӯзҳои фасли зебои баҳор дар шаҳри Душанбе низ амалӣ карда шуд. 8 март Пешвои миллат бо раиси шаҳри Душанбе дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накӯи баҳорӣ ва рамзи иди Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд. Дар ин маърака, ки дар майдони Нишони давлатӣ, роҳрави хиёбони “Дӯстӣ”-и пойтахт ва боғи устод Рӯдакӣ сурат гирифт, аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандонашон асосан дарахтони ороишию сояафкани аз Аврупо ба Тоҷикистон воридгардида, дар маҷмӯъ беш аз 430 ниҳоли дарахтони нодиру ҳамешасабзи ба саломатии инсон манфиатбахш шинонда шуд.

Зимни як сафари дигари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва боздид аз боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” дар хоҷагии фермерии “Асадулло” ба бунёди боғҳои наву шинондани ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда асос гузошта шуд.

Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои кӯҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020” амалӣ шуда, ин тадбир омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад. Бояд гуфт, ки тамоми тавсияву ҳидоятҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба меҳнаткашони мамлакат медиҳанд, ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, истифодаи самараноки замин, бардоштани ҳосили дилхоҳ ва бо гирифтани даромад беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

12 май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, як қатор иншооти таъйиноти гуногунро ба истифода доданд.

Нахуст дар деҳаҳои Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти Сангтӯда ва деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара бо буридани лентаи рамзӣ 2 мактаби замонавӣ – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 бо 560 ҷойи нишаст дар як баст ва мактаби рақами 9 барои 1320 ҷойи нишаст дар 2 бастро расман ифтитоҳ карданд. Бунёди мактабҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мусоидат ба раванди баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои омӯзгорону хонандагон ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара», марҳилаи дуюм ва корҳои анҷомдодашуда шинос шуда, дар фазои тантанавӣ канали “Водии Данғара — 3”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҳадаф аз бунёди иншооти муҳими обрасонӣ баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоту иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин беҳтар намудани некуаҳволии сокинони деҳот ва атрофи он мебошад.

Дар доираи сафари корӣ Сарвари давлат барои бунёди як корхонаи нави саноатӣ асос гузошта, бо вазъи сохтмони роҳҳои маҳаллӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ меҳнаткашон дастовардҳои худро ба маъраз гузоштанд, ки аз ҷониби Президенти мамлакат баҳои арзанда гирифтанд.

27 июл Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон дар маросими ифтитоҳи бинои истиқоматии замонавии дорои 12 хона, бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия, бинои шуъбаи таваллудхона дар деҳоти Сари Хосор, оғози сохтмони роҳи автомобилгарди Кангурт – Балҷувон – Ховалинг, сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор иштирок карда, бо дастовардҳои хоҷагии халқи Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон шинос шуданд.

Ҳадаф аз ин сафари корӣ, агар аз як ҷониб беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми ноҳия, ободонию пешрафти маҳал бошад, мақсади дигар мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад, зеро ноҳияи Балҷувон бо ташаббуси Сарвари давлат минтақаи туризм эълон гардидааст. Сохтмони роҳҳо ва бунёди дигар инфрасохтори соҳаи туризм дар ноҳияи Балҷувон, албатта, мусоидат кардан ба рушди соҳа дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат мебошад.

4 август зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, дастовардҳои маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ноҳияҳои мазкурро дар намоишгоҳ тамошо карданд.

Дар ноҳияи Носири Хусрав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 — ро бо 1680 ҷой дар ду баст, ки бо тарҳи нодиру муосир аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардондани мактабҳо” бо маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

9 август зимни сафари бобарори корӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон барои оғози ғунучини пахта ба деҳқонон фотиҳаи нек дода, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 620 хонандаро дар ду баст ифтитоҳ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки танҳо давоми 20 соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 30 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд ва ҳамзамон дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021» дар ин ноҳия бунёди 14 иншооти замонавии дигар тарҳрезӣ гардидааст.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти мамлакат бо маҳсулоти кишоварзии деҳқонон дар намоишгоҳ ва бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи «Моҳии хушзот» шинос шуда, ба меҳнаткашон барои баҳрабардорӣ аз ҳар ваҷаб хоки сарзамин дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.

Ҳар сафари кории Сарвари давлат ба ин ё он гӯшаи диёр муждаи тоза аз корҳои ободонию бунёдкорист. Қадами мубораку фархундаи Пешвои миллат ба ҳар маҳал файзу баракат ва нусрати тоза меорад. Чунин як сафари бобарору созандаи Пешвои миллат аз 16 то 18 августи соли 2017 дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Панҷ сурат гирифта, барои вусъати корҳои ободонию пешрафти ин минтақа такони ҷиддӣ бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон мулоқот ва вохӯриҳои судманд анҷом дода, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани як силсила иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ иштирок карда, ба сохтмони иншооти дигар оғози расмӣ бахшиданд.

16 август сафари кории Президенти мамлакат аз ноҳияи Бохтар оғоз гардид. Дар ин ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии “Сомон” шинос шуда, сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 2000 тонна маҳсулотро ифтитоҳ намуданд. Ҳадаф аз бунёди чунин сардхонаҳо, ки аз супоришҳои раҳнамунсози Сарвари давлат сарчашма мегирад, барои дар фаслҳои тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тоза мебошад.

Зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 барои 1320 ҷойи нишаст дар ду баст Президенти мамлакат таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба масоили беҳдошти сифати таълиму тадрис, тарбияи наслҳои имрӯза дар рӯҳияи илмомӯзиву ватандӯстӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва дигар масъалаҳои дархӯри рӯз ҷалб карданд.

Дар ноҳияи Вахш Пешвои миллат барои бунёди бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон ва Маркази тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузоштанд. Ин иқдом барои рушди бахшҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаҳо мусоидат мекунад. Дар рӯзи сафари кории Президенти мамлакат дар маркази ноҳияи Вахш марказҳои таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва савдо ифтитоҳ гардид.

Дар ин ноҳия Сарвари давлат ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 барои кӯдакони лаёқатманд ташриф оварданд. Муассисаи мазкур бо дастгирии Пешвои миллат пурра навсозӣ шуда, барои таҳсили хонандагон беҳтарин шароит фароҳам оварда шуд. Дар ин рӯз ба хонандагони муассиса ёрии моддии Президенти мамлакат ҳамчун идомаи мантиқии ғамхории давлату Ҳукумат ба табақаҳои ниёзманд дастрас карда шуд.

Ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Ҷайҳун низ басо хотирмон буд, зеро дар ин ҷо якчанд иншооти муҳими таъйиноти гуногун ифтитоҳ ёфта, барои бунёди се корхонаи нави истеҳсолии саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” асос гузошта шуд.

Зеристгоҳи нави 220/110/10 киловаттаи “Геран-2”, дидбонгоҳи нави сарҳадии “Сомон” ва корхонаи истеҳсоли ғӯлачаҳои ҷуворимакка аз ҷумлаи иншооти навбунёд мебошанд.

Тавре маълум аст, ба хотири расидан ба ҳадафи сеюм ва стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ– таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Сарвари давлат тадбирҳои муҳиму мушаххас амалӣ мегарданд. Истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, содироти сабзавот, меваҳои тару тозаю хушкмеваҳо ба хориҷ, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ аз амалҳои хайру саховатмандонаи Пешвои миллат дар ин самт мебошанд. Исботи ин гуфтаҳо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди иттиҳоди аграрии “Водии заррин” дар ноҳияи Ҷайҳун мебошад, ки бо дастгирии Президенти мамлакат бо ворид кардани техникаю технологияи муосир аз 12 ҳазор гектар замини солҳо бекорхобидаю беҳосил беш аз 7 ҳазори он ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, ҳазорҳо тонна ғалладона ва пахта истеҳсол гардидаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун манбаи таъминкунандаи бозори истеъмолӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди иттиҳоди аграрии “Водии заррин” ташриф оварда, бо фаъолияти самараноку ибратбахши меҳнаткашони он аз наздик шинос шуданд. Соли 2017 ҷамъияти мазкур дар майдони 2 ҳазору 21 гектар гандум, 1 ҳазору ҳаштсаду се гектар чигит, 2 ҳазору 870 гектар шолӣ кишт намуда, беш аз 2 ҳазор нафар сокини маҳаллиро бо кор таъмин карданд.

Таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани сокинон аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат дар роҳи беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошад. Ба гардиши кишоварзӣ даровардани ҳазорҳо гектар заминҳои нав барои татбиқи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020” мусоидат мекунад.

17 августи соли 2017 дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст ва маркази ҷавонон ифтитоҳ карда шуданд.

Бунёди бинои зебои маркази ҷавонон туҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар Соли ҷавонон барои сокинони ноҳия мебошад. Дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дастгириҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш назаррас буда, ҷиҳати таъмини некуаҳволии ояндасозони миллат пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

18 август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 бо 1280 ҷойи нишаст дар ду баст санги асос гузошта, варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 7 ҳазор ҷой мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар анҷоми сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ Сарвари давлат аз отряди сарҳадии «Панҷ» дидан намуда, дар фазои тантанавӣ иншооти навбунёди он, аз қабили боғчаи кӯдакон, ду бинои истиқоматии замонавӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо, марказҳои муосири таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар отряди сарҳадии мазкур бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ошхона, ду бинои хобгоҳи сарбозон, ситоди қисми ҳарбӣ, клуби тобистона, меҳмонхона, толори варзишӣ, ҳаммом, мошинсарой, нуқтаи тиббӣ ва ду нуқтаи назорати гузаргоҳӣ пурра таъмиру навсозӣ гардиданд.

Зимни ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат изҳор доштанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ, муҳимоти ҷангӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ҷиҳати беҳсозии хизмати марзбонон ва шароити зисту рӯзгори онҳо тавсеа мебахшад.

Дар соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оварда, бинои маъмурии шуъбаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот, меҳмонхонаи замонавӣ дар маҳаллаи Сино, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 барои 760 нафар хонанда дар ду бастро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар фазои тантанавӣ иншооти муҳиму стратегии коммуникатсионӣ – қитъаи роҳи Шӯрообод – Шоҳонро ифтитоҳ намуданд.

Зимни сафар барои бунёди қитъаи Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳини роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб ва оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди варзишгоҳ ва бинои қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин санги асос гузоштанд.

Қисмати роҳи Шӯрообод–Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад. Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафтуомади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот низ афзоиш хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки зимни таҷдиду навсозии қитъаи Шӯрообод – Шоҳон 1000 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, ҳамаи онҳо оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ва Шкев – Қалъаи Хумб саҳми назаррас мегузоранд.

Ин сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз бисёр ҷиҳат барои сокинони ноҳия ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳиму созанда буд, зеро дар баробари бунёди иншооти таъйиноти гуногун, ҳамчунин роҳи нави барои интиқоли мусофирон, молу маҳсулот созгор ва баҳри роҳ ёфтан ба кишварҳои хориҷӣ мусоидаткунанда ба истифода дода шуд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати роҳсозӣ ва бо бунёди роҳҳои оҳану мошингард, пулҳову нақбҳои дорои аҳамияти минтақавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар самти баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба комёбиҳо ноил гардид ва бо ин Тоҷикистон ба як давлати воҳид тадбил ёфт.

Соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 маротиба – моҳҳои март ва ноябр ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

Ҳадаф аз анҷоми сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.

Боиси зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат бо ҷаҳду талоши бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон беҳтар гардид. Аҳли ҷомеаи вилояти Суғд ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот ва пешрафти ҷумҳурӣ арҷ мегузоранд. Исботи садоқати сокинони вилояти Суғд нисбат ба Президенти мамлакат ҷонибдории амиқ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат аст. Мардуми касбу кори гуногун бо хизмати садоқатмандона, обод кардани диёри хеш, бунёди корхонаю коргоҳҳои гуногун ва таъсиси ҷойҳои корӣ сиёсати бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳуриро дастгирӣ менамоянд.

Аввалин сафари корӣ ба вилояти Суғд соли 2017 рӯзҳои 23 то 25 март дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯз аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ дар вилоят ва иштирок дар ифтитоҳи бинои нави таълимии мактаби рақами 14 деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид. Бинои мактаб сеошёна буда, барои 1080 ҷойи нишаст бо назардошти таҳсил дар 2 баст тарҳрезӣ шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи интенсивии Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов боздид намуда, дар ҳамин ҷо ба кишти чигит ва дар заминҳои бекорхобидаи Сомғор дар шаҳраки нави Сайҳун оби полезиро кушода, ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшиданд.

24 марти соли 2015 зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравот ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузошта буданд. Иқдоми бунёди шаҳраки нав аз тарафи Сарвари давлат бо дарназардошти афзоиши аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, таъмин намудани оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ва азхудкунии заминҳои нав барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла, тавассути бунёди боғҳои нав дар мавзеи Сомғор мебошад.

25 март Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои наврӯзӣ, ки дар боғи «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, иштирок карданд. Боғи «Ваҳдат» бо ибтикори наҷибонаву бевоситаи Пешвои миллат ташкил ёфта буд.

Дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос шуда, як бинои истиқоматӣ, як зумра иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро ифтитоҳ карданд. Чун анъанаи накуи наврӯзӣ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд зимни ифтитоҳи як бинои 9 — ошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум барои 450 нафар ятимон дастархони наврӯзӣ ороста, ҳамзамон хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кӯдакон ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаҳои арзанда тақдим намуда, ба даҳ нафар аз оилаҳои маъюб калиди хонаҳои истиқоматӣ супурданд.

Дар доираи сафар дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат барномаи консертии ҳунармандони соҳибистеъдоди панҷ ансамбли навтаъсиси вилояти Суғдро дар кохи фарҳанги «Суғдиён» тамошо карданд.

Кохи «Суғдиён» соли 2016 дар рӯзҳои таҷлил аз 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва он барои аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Суғд дастоварди беназир ба ҳисоб меравад.

Дар шаҳри Исфара Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракати Исфара» ва Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо ҷараёни корҳои навсозӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” шинос шуданд.

Иқдоми навсозии Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Мавзее, ки боғ бунёд гардид, нообод буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву иқдомоти бунёдкорӣ ба минтақаи муносиби истироҳатӣ ва сайргоҳи сокинони шаҳри Исфара табдил дода шуд.

Дар Осоишгоҳи “Зумрад” ба хотири ба талабот ҷавобгӯ кардани хизматрасонии тиббӣ ба мизоҷон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди меҳмонхонаи нав ва маркази ташхисӣ — табобатии муосир санги асос гузоштанд.

Зимни сафари дуюми корӣ ба вилояти Суғд, ки аз 16 то 19 ноябр ҷараён гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи якчанд иншооти ҳаётан муҳим дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз бахшида, дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Сафари кории Президенти мамлакат дар вилояти Суғд 16 ноябр аз иштирок дар маросими ба истифода додани корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол оғоз гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якумин сабиқаи металли сурб, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал истеҳсол гардид, тамғаи рақами 1 гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол ҳанӯз моҳи апрели соли 2014 санги асос гузошта буданд. Бунёди корхонаи металлургии минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол боз як қадами ҷиддӣ ба сӯи саноатикунонии мамлакат мебошад.

Дар шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат бо 2600 ҷойи нишаст дар ду баст ва маҷмаи миллии «Маркази оши палов» — ро ифтитоҳ карда, бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуданд.

Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории корхонаи давлатии кишоварзии «Палос», гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант», корхонаи дорусозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Суғд” ва навбати дуюми корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” — ро ифтитоҳ карда, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти об барои 35 ҳазор нафар иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон аз корхонаҳои нахустини дорусозӣ ва маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш мебошад ва бунёду ба истифода додани он рӯйдоди муҳими соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ аст.

Чорабинии хотирмони сафари кории Президенти мамлакат дар вилояти Суғд иштирок дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 — умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2017 ба баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз 25 сол пур шуд.

19 ноябри соли 2017 дар Қасри Арбоби ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Сарвари давлат иштирок ва суханронӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд ва ҳамон вақт вакилон бо як овоз Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатмадори оқилу хирадманд ва саодатпешаро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб карданд.

Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қатъи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, дар он солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз чун сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд.

13 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим иштирок намуда, бо сокинони ноҳия суҳбату мулоқотҳои самимӣ анҷом доданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз гузоштани санги асос барои сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шкев – Қалъаи Хумб оғоз шуд. Бунёду навсозии роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд.

Дар мавзеи Яхчисори Ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат хонаҳои навбунёд барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида, инчунин мактаб ва бунгоҳи тиббиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо дастовардҳои меҳнатии сокинони ноҳияи Дарвоз дар намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастӣ шинос шуданд.

Давоми соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом дода, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъйиноти гуногун иштирок карданд.

Чорабиниҳои муҳиму хотирмони соли 2017 таҷлили ҷашни 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва 20 — солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат мебошад, ки дар тантанаҳои бошукӯҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Соли 2017 ба хотири ба шаҳри зебо табдил додани пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бо дастгирии ҳамаҷонибаи Сарвари давлат аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои неки созандагӣ амалӣ гаштанд. Аз ҷумла, давоми сол дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун, аз қабили мактаб, марказҳои саломатӣ, роҳҳо, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, бунёд гардида, барои сохтмони иншооти дигари маъмурию маишӣ ва хизматрасонӣ сангҳои асос гузошта шуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир гардид, иштирок намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки ҷашни аҷдодии Наврӯз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти байналмилалӣ гирифт ва шурӯъ аз соли 2010 онро аксари мардумони сайёра бо шукӯҳи хос таҷлил менамоянд.

28 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Шоҳмансур барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 ва бунёди мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё бо 420 ҷойи нишаст дар як баст, дар ноҳияи Сино барои бунёди бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино санги асос гузоштанд.

Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат бо раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ бо ҷараёни таъмири роҳҳои асосии кӯчаҳои Муродулло Шерализода, Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудов шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 15 феврали соли 2017 ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва масъулони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон барои саҳм гузоштан дар бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳавасмандии худро изҳор намуда буданд. Айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома доранд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳҳои пойтахти ҷумҳурӣ бо риояи тамоми талаботи роҳсозӣ бунёд мегарданд.

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба, ки дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.

23 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ аз тадбирҳои марказии идонаи соли 2017 – Соли ҷавонон ва нишона аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба кулли ҷавонони саодатманди ҷумҳурӣ мебошад.

Дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва башардӯстона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз мактаб — интернати ёрирасони рақами 3 дар ноҳияи Сино боздид ба амал оварда, баъди шиносоӣ бо шароити таълиму зисти 100 нафар кӯдакони ин даргоҳ ба онҳо ёрии моддӣ расонданд.

Соли 2017 аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол пур шуд ва баҳри натиҷагирӣ аз корҳои дар ин самт анҷомдодашуда, 11 июл Пешвои миллат бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи ҷумҳурӣ мулоқоти созанда доир карданд. Ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ қабули дархосту пешниҳоди нави шаҳрвандон ба хотири такмил додани санади муҳим ва ба қонун ворид кардани тағйиру иловаҳо буд.

Даҳ сол муқаддам – соли 2007 бо ҳамовозии амиқи мардуми ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда буд.

30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри фароҳам овардани шароити беҳтарини омӯзиши ҷавонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бунёд гардид.

9 сентябр дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идона ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ, сокинони пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси умумимиллӣ – бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу карданд.

14 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон», ки ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Пешвои миллат бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории мулоқот фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи соҳибкорон ва сармоягузорон оид ба масъалаҳои мубрами соҳибкориву сармоягузорӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат мебошад.

Бо мақсади мусоидат ва расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати Тоҷикистон – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ 26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки шоҳроҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа пойтахтро бо маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон пайваст намуда, дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Бунёду навсозии роҳ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳиму стратегӣ дорад.

6 ноябр дар доираи таҷлил аз 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе бинои нави раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзондани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст. Бунёди бинои нави раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату Ҳукумат, хусусан Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар мамлакат равона гардидааст.

6 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Бобо Ҳамдами шаҳри Душанбе бинои 9-ошёна барои кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.

6 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар фазои тантанавӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин иқдоми ватандӯстона нишонаи эҳтиром ва самимияти Пешвои миллат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат ва бори дигар аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадр кардани хизматҳои таърихии устод Айнӣ, аз ҷумла, барои муаррифии миллати тоҷик, фарҳангу адабиёти оламшумули он ва дар марҳилаи тақдирсоз аз давлати тоҷикон пуштибонии амиқ намуданаш амалӣ гардид.

12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан дар Боғи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар қисми ғарбии пойтахт шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати истиқлолияту ваҳдати комили сартосарӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат солҳои ахир дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, аз ин ҳисоб заминҳои кишт ва боғҳо васеъ карда мешаванд. Ин иқдомҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, агар аз як ҷониб барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори нав ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мусоидат намоянд, аз тарафи дигар баҳри истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, содироти меваю хушкмеваҳо ба хориҷи ҷумҳурӣ ва гирифтани даромади хуби иқтисодии ҷумҳурӣ ва мардум манфиатовар мебошад.

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии “Душанбе – 2017” бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештар пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат то ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯъ, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат, аз соли 2015 то ба имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ ташкил карда шуд. Дар ин давра истеҳсоли беш аз 70 намуди маҳсулоти саноатии нав роҳандозӣ гардид, ки қаблан аз хориҷи ҷумҳурӣ ворид карда мешуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Сино кӯдакистони рақами 68 — ро барои 160 кӯдак ва дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ биноҳои иловагии синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзишӣ бо 150 ҷойи нишастро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Айни ҳол дар шаҳри Душанбе 15 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд шуда истодааст ва ҳамаи онҳо соли 2018 ба истифода дода мешаванд. Бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳои пойтахт бо синфхонаҳои муосири фаннӣ ва ҳунаромӯзӣ, ошхона, майдону толорҳои варзишӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, то соли 2019 бештар аз 21 ҳазор ҷойи нишасти иловагӣ барои муассисаҳои таълимии пойтахт муҳайё карда мешавад.

Рӯйдоди муҳиму хотирмони дигар, ки охири соли 2017 ба вуқӯъ пайваст, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Паём ҳамчун як барномаи мукаммали фаъолияти минбаъдаи кормандони тамоми сохторҳо, инчунин сокинони ҷумҳурӣ мебошад, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва возеҳу равшан тамоми тадбирҳоро баҳри ба давлати пешрафта мубаддал кардани сарзамин нишон додаанд.

Дар Паём баробари муайян кардани самти фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҳамчунин бо иқдоми неки худ Президенти мамлакат соли 2018 — ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Бояд гуфт, ки соли 2017 бо ташаббуси Президенти мамлакат Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.

21 март дар рӯзи таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти гармхонаҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев шинос шуда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Агросаноат” ба кишти баҳории пунбадона оғоз бахшиданд. Инчунин дар шаҳри Турсунзода Сарвари давлат биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази хизматрасониро ифтитоҳ намуда, дар тантанаҳои идонаи ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳр бо иштироки фаъолони мамлакат, намояндагони зиёиёни ҷумҳурӣ, корпусҳои дипломатӣ ва сокинони шаҳри Турсунзода баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Яке аз иншооти муҳиму стратегии кишвар, ки баъди бунёди он Тоҷикистон метавонад ба истиқлолияти комили энергетикӣ расад, ин Неругоҳи барқи обии Роғун мебошад. Давоми соли 2017, чун солҳои пешин, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин иншооти аср – калонтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон Сарвари давлат ба мавзеи бунёди он- шаҳри Роғун ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО-и Роғун дастур доданд, ки, қабл аз ҳама, ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият зоҳир намоянд, зеро ин “кохи нур” ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

Моҳҳои июн ва августи соли 2017 Сарвари давлат ду маротиба ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як зумра иншоот ва тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ иштирок карданд.

27 июн Президенти мамлакат дар шаҳри Ваҳдат як бинои 20 — ошёнаи истиқоматӣ, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71, сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 50 метр ва варзишгоҳи марказии шаҳрро бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабинии идона ба муносибати таҷлили сазовори 20 — солагии Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Боиси хурсандист, ки зимни ин сафар дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба бо Нишони ифтихории тиллоии “Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоқҳои касаба” сарфароз гардиданд, ки онро дар фазои тантанавӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков тақдим намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати ояндадору дурбинона ва хайрхоҳонаи худ ҳамеша ба масъалаи беҳдошти шароити кору зисти меҳнаткашон аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамин талошҳову тадбирҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоии коргарон беҳтар гардида, мардум зери сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои осудаву ором кору зиндагӣ менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, бо ин нишони олӣ қадрдонӣ гардиданд.

Зимни сафари дуюм ба шаҳри Ваҳдат дар мавзеи Канаски Ҷамоати деҳоти Ромит Сарвари давлат бо вазъи корҳои кишоварзӣ шинос шуданд. Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии ҳосили фаровони картошка оғоз бахшида, дар намоишгоҳи як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ бо дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд.

Ҳадаф аз сафари кории навбатии Президенти мамлакат ба мавзеи Канаск мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварӣ, раванди татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016 – 2020”, занбӯриасалпарварӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва истифодаи самараноки он дар ин минтақа мебошад.

3 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Гулбутта муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 барои 1280 ҷойи нишаст дар ду бастро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди терминали муосири нақлиётӣ, навсозии кӯли Варзоб, сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафеддара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи иншооти муҳиме, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёдашон асос гузошта шуд, баҳри рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиши ҷумҳурӣ дар минтақаи туристии Варзоб аҳамияти муҳим доранд. Баробари сохтмони иншооти номбаршуда, боз садҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбанд, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин иншооти бунёдшаванда бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ беҳтар мегардад.

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Соли 2017 ба хотири рушду густариши муносибатҳо бо кишварҳои олам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор давлатҳои ҷаҳон сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва корӣ анҷом доданд. Зимни ин сафарҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳо ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфуз мулоқот карда, вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкориро баррасӣ намуданд. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту вохӯриҳо даҳҳо санадҳои наву муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун танзим менамоянд.

Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 3 сафари расмӣ ба Давлати Қатар, Ҷумҳурии Арманистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, 8 сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус анҷом доданд.

Ҳамчунин дар ин сол сарони як қатор давлатҳо бо сафарҳои ҷавобии расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, аз ҷумла, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари расмӣ ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари корӣ.

Рӯзҳои 5 – 6 феврали соли 2017 зимни сафари расмӣ дар Давлати Қатар, ки бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ сурат гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ин кишвари арабӣ, намояндагони воломақом ва доираҳои соҳибкорӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории давлатҳоро баррасӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, баъди муҳокимаи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори гидроэнергетика ва об, нақлиёт, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва саноати истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷатҳои нави имзошуда масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои амният, фарҳанг, варзиш, молияву бонкдорӣ, соҳаи ҳуқуқ, тандурустӣ ва алоқаи ҳавоиро дар бар мегиранд.

Аз 28 феврал то 1 марти соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доштанд. Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ суханронӣ карда, 1 март бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва худи ҳамон рӯз бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф мулоқоти судманд анҷом доданд.

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Аз 20 то 22 майи соли 2017 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири иштирок дар нахустин саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор доштанд.

Дар доираи иштирок дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 20 май дар шаҳри Риёз бо Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, 22 май бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина Вазед, бо Сарвазири Ҷумҳурии Лубнон Саад Ҳарирӣ ва бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчии саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла, бо Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони як қатор давлатҳои дигар: Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бинни Ҳамад оли Сонӣ, Валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бинни Зойид Оли Наҳаён, Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад бинни Исо оли Халифа ва Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ мулоқотҳои судманду самимӣ ва созанда доир карданд. Зимни суҳбатҳо, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд, масоили ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо баррасӣ шуданд.

8 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи баргузории иҷлосияи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот карда, дар чорабинии фарҳангӣ ва маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии “Остона ЭКСПО – 2017” иштирок намуданд.

Рӯзҳои 14 — 15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Арманистон сафари расмӣ анҷом дода, бо Президенти Арманистон Серж Саргсян, Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Карен Карапетян мулоқот карданд. Зимни баррасии масоили дуҷонибаи ҳамкорӣ, инчунин равобити гуногунҷанба дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуданд.

Аз рӯйи ҷамъбасти мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз 30 август то 5 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши нуҳуми сарони давлатҳои узви БРИКС дар шаҳрҳои Пекин, Сямен ва ноҳияи мухтори Синзян Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштанд.

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, инчунин ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб 31 август сурат гирифта, баъди баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Заминаи меъёрӣ — ҳуқуқии ду давлатро беш аз 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад.

Дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор намояндагони воломақоми Чин мулоқоти судманд анҷом доданд, ки аз рӯи натиҷаи онҳо низ санадҳои нави ҳамкорӣ имзо шуданд. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмӯъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

1 сентябри соли 2017 зимни вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синхуа ба имзо расида, дар ҳамин ҷо Сарвари давлат барои саҳми арзанда дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Чин ва таҳкими ҳамкории илмӣ бо унвони “Профессори фахрии соҳаи иқтисод” сарфароз карда шуданд.

Рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Пекин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши иқтисодӣ — сармоягузории Тоҷикистон ва Чин ва 5 сентябр дар шаҳри Сямен дар муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳошияи ҳамоиши сатҳи баланд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлатҳои иштирокчӣ, аз ҷумла, бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча, Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето ва Президенти Гвинея Алфа Конде доир ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқотҳои судманд бо сарони давлатҳо тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

17 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Рӯзҳои 18-21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доштанд ва дар чорабиниҳои сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҳошияи иштирок дар ин чорабиниҳо, ки аксари онҳо бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер, Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо, доираи соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ноиби Президент – мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт мулоқот карданд.

10 октябри соли 2017 зимни сафари корӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди ҳамкории минбаъда дар риштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар бахшҳои калидии фаъолияти иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

30 ноябри соли 2017 зимни сафари корӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, аз рӯи натиҷаҳои мулоқот 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Дар ин ҷаласа сарони давлатҳо самтҳои асосии фаъолияти созмон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни таъмини амнияти мамлакатҳои аъзои созмонро муҳокима карданд. Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Баёнияи муштараки Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба 25-солагии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қабул гардид.

Аз 9 то 11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар шаҳри Аммон қарор доштанд.

Зимни сафари нахустини расмӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн вохӯрда, аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун қабул гардида, 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Баъди анҷоми вохӯрӣ бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ ва раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз боз 8 санади дигар ба имзо расид.

Сафари нахустини расмии Президенти мамлакат ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун аз он ҷиҳат бобарор ва судманд буд, ки дар баробари оғози ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстона ба имзо расидани 12 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории дуҷониба, инчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун шуданд. Пешвои миллат бо ин унвони олӣ барои саҳми арзанда ва талошҳои созандаашон дар роҳи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат, таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Урдун ва дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра сарфароз гардонда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз барои саҳми арзанда дар густариши муносибатҳои дӯстӣ бо мардумони кишварҳои сайёра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони Шаҳрванди фахрии якчанд мамлакати ҷаҳон гардидаанд.

26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ карданд.

Мубодилаи афкори озоди сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаро гирифт.

Соли 2017 сарони як қатор кишварҳои хориҷӣ бо мақсади анҷоми сафарҳои расмӣ ва корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд. Аз ҷумла, 27 феврали соли 2017 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафар дар рӯзҳои 25 — солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат ҷараён гирифт.

Масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун ва муштаракоти стратегии Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат баррасӣ гардиданд. Сарони давлатҳо барои идома додани муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ омодагию ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд. Аз ҳамгироии минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Россия дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо дар оянда ба таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар тамоми соҳаҳои афзалиятнок мусоидати фаъол менамоянд.

Дар доираи сафари расмӣ дар Тоҷикистон Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург ва талошҳои созандаю иқдомҳои пайваста дар роҳи рушду тавсеаи бесобиқаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии халқҳои Тоҷикистону Россия бо мукофоти олии Федератсияи Россия – ордени Александр Невский сарфароз намуд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайванданд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии ҷумҳурӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хосса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст. Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра таҳкиму тавсеа меёбанд.

Аз соли 1992 то имрӯз миёни Тоҷикистону Россия зиёда аз 250 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи аксарияти соҳаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст.

5 июли соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф аз раванди идомаёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла, дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Бо итминон гуфта метавонем, ки натиҷаҳои ин музокирот муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯстро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг тақвият мебахшад ва дар оянда воситаи муҳими таҳкимбахши маҷмӯи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон хоҳанд гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти дуҷониба бо иштирок ва дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф Изҳороти муштараки “Роҳ ба шарикии стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон қабул гардида, як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Бояд гуфт, ки то имрӯз заминаи ҳуқуқию меъёрии муносибатҳои ҳамкорӣ аз 50 санади муҳим иборат буд.

2 ноябри соли 2017 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлуи ду давлат дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардида, аз рӯйи натиҷаи он 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро зиёда аз 60 санад ташкил медод. Акнун бо имзои санадҳои нав, ки бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд, шумораи онҳо ба беш аз 70 адад расид. Татбиқи самараноки санадҳо барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар хоҳад буд ва баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод мегузоранд.

Аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ бештар аз 190 давлати олам соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф карда, бо ҷумҳурии мо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардаанд. Аксари кишварҳо ба хотири рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар Душанбе сафоратхонаҳои худро ифтитоҳ намуданд.

Соли 2017 дар доираи сиёсати дарҳои кушода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сафири нав эътимоднома қабул намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати бобарори дарҳои кушода, бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкории судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, густариш медиҳад. Бо итминон гуфта метавонем, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ метавонанд мусоидати ҷиддӣ намоянд.

Давоми соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо сарони ҳукуматҳо, вазирони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайатҳои парлумонӣ 44 мулоқоти судманд доир карда, зимни вохӯриҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, чунин вохӯриҳои барои ҷонибҳо манфиатовар 10 январ бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Пол Росс, 18 январ бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, 24 январ бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан, 27 январ бо муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов, 10 феврал бо раиси Палатаи намояндагони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек, 18 феврал бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, 17 март бо вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асиф, 28 март бо ноиби якуми президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт, 11 апрел бо ҳамоҳангсози доимӣ, роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, 10 май бо роҳбари Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия Рамазон Абдулатипов, 17 май бо директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук, 25 май бо вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Абдулло бинни Зойид оли Наҳён, 11 июн бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, 6 июл бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, 14 июл бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, 12 сентябр бо президенти Бонки исломии рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар, 26 октябр бо президенти Бонки осиёии рушд Такехико Накао ва 30 октябр бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян баргузор шуд.

Соли 2017 дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар онҳо ҳамчун роҳбари ташаббускор иштирок ва суханронӣ намуданд. Баргузории ин ҳамоишҳо бори дигар нуфузи Тоҷикистонро дар олам ҳамчун давлати ташаббускор ва дар Осиёи Марказӣ чун давлати калидӣ боло бардошт.

6 июл дар ноҳияи Варзоб мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи CASA – 1000 баргузор гашт, ки дар кори он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои иштирокдори лоиҳаи CASA – 1000, аз ҷумла ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков, намояндагони як қатор ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ, ҳамчунин Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ иштирок доштанд.

Тарҳи CASA – 1000 аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузурги минтақавии энергетикӣ мебошад, ки Тоҷикистон дар татбиқи саривақтии он баробари дигар кишварҳои иштирокдори лоиҳа манфиатдор аст.

Дар интиҳои кори ҳамоиш Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокдори лоиҳаи CASA – 1000 қабул гардид, ки нишона аз ҷамъбасти бобарори ин чорабинии сатҳи минтақавӣ мебошад.

Ҳанӯз 12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA– 1000 асос гузошта шуда буд.

16 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, ки ҳадаф аз таъсис ёфтани форум воситаи муҳими ҳамкорӣ, эҳёи пайвандҳо, густариши муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун мебошад.

Ҳамоиши навбатӣ оғозбахши фикру андешаҳои ҷадид ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ҷодаи минбаъд ҳам густариш додани ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо гашт.

Дар кори форум Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абдулғайт ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ – раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф суханронӣ карда, пеш аз ҳама, ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати дарҳои кушода, фазои мусоиди ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманди дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Баъди анҷоми кори иҷлосияи дуюми форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Эъломияи Душанбе қабул карда шуд.

Соли 2017, дар маҷмӯъ, ба шарофати сиёсати неку бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои миллии рушд, бунёди коргоҳу корхонаҳои калони саноатӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва таҷлили санаҳои муҳими сиёсӣ соли бобарору таърихӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин давра мардуми шарафманди ҷумҳурӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоиста тадбирҳои муҳиму мушаххасро амалӣ карданд.

Месазад бори дигар аз дастовардҳои соли 2017 ёдовар шуд. Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардум ба дастовардҳои бузург дар роҳи саноатикунонии мамлакат ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил шуданд.

Соли 2017 барои саноатикунонии мамлакат корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бунёд шуд, ки қадами муҳим дар ин самт мебошад.

Дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ бо дастури бевоситаи Пешвои миллат шурӯъ аз соли 2017 маҳдудияти неруи барқ дар саросари мамлакат пурра бардошта шуд.

Соли 2017 бо ташаббуси Президенти мамлакат “Соли ҷавонон” эълон гардид ва вобаста ба ин тадбир дар саросари мамлакат чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардиданд. Дастоварди бузурги Соли ҷавонон соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон шудани варзишгари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода мебошад, ки 11 ноябр дар мусобиқоти самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочи дар вазни 74 кило ғолиб омад. Ин паҳлавони тоҷик бо гирифтани ҷойи якум ва медали тилло дар чемпионати ҷаҳон, пас аз 42 сол қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимовро такрор кард.

Соли 2018 барои мардуми шарифи тоҷик низ соли таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро дар ин сол Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ мизбони якчанд чорабинии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мешавад.

Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии ҷумҳурии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018 – 2028 расман оғоз мегардад.

Дар робита ба ин, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор», 2018 – 2028 дар назар аст. Инчунин моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2018 Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба дӯш гирифтааст. Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо соли 2018 дар Тоҷикистон аз муҳимтарин чорабиниҳои раёсати давлати мо мебошад.

Дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки мақоми муҳим дорад. Дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар боиси болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам мегардад.

Умед аст, ки соли 2018 низ чун солҳои пешин мардуми шарафманди мамлакат бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бобарору созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои татбиқи нишондодҳои дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат, дар амал қарор додани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҳарвақта дида бештар талош меварзанд ва Тоҷикистонро ба давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал мегардонанд.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
Самариддин АЙНИДДИН

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:10807
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:25334
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47258
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8256770

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?