Матни равон

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Раиси шаҳри Гулистон муҳтарама Сатториён Матлубахон Амонзода аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳраки Сирдарё боздид ба амал оварда, бо роҳбарони корхонаҳои ҶДММ «Сахо и К», ҶДММ «Хубон» ва ҶДММ «Чархи гандумӣ» дидору гуфтугў намуд. Дар раванди гуфтугў маълум гардид, ки баъзе сехҳои корхонаи ҶДММ «Сахо и К» бо сабаби гарон будани маблағи андоз фаъолият наменамоянд.

Чунонки роҳбари корхонаи мазкур тазаккур дод, сехи уребачабарорӣ (памперс) сад дарсад барои кор омода буда, бо дарназардошти он ки ба фурўш баровардани маҳсулоти истеҳсол шуда мушкилотӣ андозиро пеш меорад, онро ба кор намеандозем.

Аз гуфтаи роҳбари ин корхона маълум гардид, ки низоми андозбандӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ мушкилотро пеш меорад ва муносибати баъзе кормандони ин ниҳод маҷбур месозад, ки қатъи фаъолият намуд. Ин ҳама дар ҳолест, ки Президенти кишвар дар ҳар баромаду вохўрии худ таъкид месозанд, ки барои соҳибкороне, ки ба истеҳсолот машғуланд имтиёзу имконият дода шавад, то онҳо моли ниёзи мардумро истеҳсол намуда, суръати воридро камтар намоянд.

Дар зимни боздиди корхонаҳои мазкур Раиси шаҳр аз роҳбарону намояндагони корхонаҳои мазкур оид ба мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамаҷиҳата тайёр буда, омода аст барои рафъи мушкилоти ҷойдошта ба идораву ташкилотҳои дахлдор расман муроҷиат намояд.

Ҳамчунин ба масъулини корхонаҳои мазкур супориш дода шуд, ки доираи фаъолияташонро густариш бахшанд. Аз ҷумла ба роҳбари корхонаи ҶДММ «Сахо и К», супориш дода шуд, ки осиёе, ки чанд муддат ин ҷониб аз фаъолият боз мондааст, дубора ба кор дароварда шавад, зеро баробари ба кор шурўъ намудани он чандин ҷойҳои нави корӣ таъсис гардида, як гурўҳ одамон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Ҳамчунин ба роҳбарони корхонаҳои дигари ордбарорӣ дастур дода шуд, ки сехи макаронбарорӣ, нонпазӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум, ки асосан аз орд сохта мешаванд, ба роҳ монда шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1950
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4543
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38142
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7680062

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?