20 Март 2018
Рӯзи шанбеи 17 март дар шаҳри Гулистон ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ силсилаи чорабиниҳои идона баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии асосии наврӯзии шаҳри Гулистон, ки дар маркази шаҳр ҷараён гирифт, иштирок намуда, кулли сокинони шаҳрро бахшида ба Иди Наврӯз табрик гуфт. Зимни суҳбат Раиси вилоят аз талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ин ҷашни бостонии мардуми тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин ҷашни аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз имрӯзҳо дар аксари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо шаҳомати хоса таҷлил мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии роҳбарияти шаҳр ва намояндагони аҳли зиёи вилоят аз растаҳои гуногуни наврӯзӣ, ки дар онҳо хони наврӯзӣ ва намунаҳои дастранҷи ҳунармандони шаҳр ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуда, шодишарики мардуми шаҳри Гулистон гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд