Матни равон

31 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд “Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ ва огоҳкунии шуъояш баланд мутобиқ ба талаботҳои дараҷаи якуми “ИКАО” - Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ бо маблағи умумии 26 миллион сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сохта шудааст.

Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар дилхоҳ вақти шабонарузӣ, новобаста аз вазъи ҳаво ба сифати баланд ба амал бароварда шавад.

Лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” аз соли 2013 дар се марҳила оғоз шуда, имрӯз дар ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Марҳилаи якум иҷроиши корҳо оид ба мумфаршкунии хатти парвозу фурудоӣ, омода кардани он барои минбаъд васлу насб намудани таҷҳизоти рушноидиҳӣ, давраи дуюм таъминот ва васлу насби таҷҳизоти рушноидиҳӣ-огоҳкунии шуъояш баланд ва марҳилаи сеюм васлу насби системаи нави фурудоии ИЛС аз самти магнитии 258 дараҷаро дар бар мегирифт.

Зимни шиносоӣ бо марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таъмини сатҳи баланди бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳҳои мамлакат ба талаботҳо ва стандартҳои байналмилалӣ ва дар ин замина васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ташкили хатсайрҳои нав ба самтҳои хориҷи дуру наздик ва афзоиши ҳаҷми мусофиркашонии байналмилалӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дастуру супоришҳо доданд.

Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз соли 2016 бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳо оид ба васеъкунии роҳҳои гардишӣ ва васеъ намудани ҳудуди перрони фурудгоҳ ба амал бароварда мешавад. Ин корҳо бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати таёраҳои калонҳаҷм дар перрон ҳангоми гардиш ва озодона ҳаракат кардану ҷойгир намудани онҳо дар истгоҳҳо амалӣ мегардад.

Соли 2017 дар фурудгоҳ масоҳати зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ мумфарш карда шуд. Қисми зиёди он асосан барои дароз намудани хатти парвоз, васеъкунии роҳҳои гардиш, васеъ кардани перрони фурудгоҳ ва истгоҳи ҳавопаймоҳо сарф гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2017 низ зимни як сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд як қатор иншооти таъиноти гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла “Толори ҷавонон” бо 250 ҷойи нишаст ва “Тарабхонаи ҷавонон”  ифтитоҳ гардида буд.

Корҳои навсозӣ ва таҷҳизонидани биноҳои ҳудуди фурудгоҳ аз ҳисоби маблағҳои худи фурудгоҳ анҷом дода шуданд. Ба хотири ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани хизматрасонии он тамоми ашёву таҷҳизоти нав васлу насб карда шуда, бо нақшу нигори миллӣ ва дигар мизу курсиҳои зебову диққатҷалбкунана сохта шудааст .

Роҳҳои шафат ва ҳудуди фурудгоҳ азнавсозӣ ва мумфарш карда шуд. Атрофи роҳҳо бо дарахтони зиёди ороишӣ ва гулҳои рангоранг оро ёфта, пурра чароғон карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои анҷоми корҳои ободонӣ ва дастгирии иқдомҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.

Баъди анҷоми бобарори сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят 31 март Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони вилояти Суғд бо нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандаи Сарвари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарзамин, бо шаҳомати хоса гусел намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:13880
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:28407
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50331
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8259843

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?