Матни равон

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо” шинос шуданд.

Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 таъсис ёфта, майдони умумии он 30 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар масоҳати 5,9 гектар наҳри равон мавҷуд аст. Наздики 90 нафар коргари доимӣ ба нигоҳубини боғ ва ба корҳои ободонӣ машғул мебошанд.

Дар даромадгоҳи қисми ҷанубии боғ муҷассамаи барқади шоири классики тоҷику форс Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ мавҷуд аст, ки соли 1989 дар ин ҷо гузошта шуда буд.

Корҳои ободонию азнавсозӣ дар Боғи “Дӯстии халқҳо” ба зиммаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузошта шуда, то имрӯз дар ин ҷо корҳои назаррасе анҷом ёфтааст.

Аз ҷумла, зимни азнавсозии боғ бо тарҳи нав дар масоҳати 41 ҳазор метри мураббаъи роҳравҳои марказӣ ва дохилӣ тахтасангҳои ороишӣ шинонида шуда, майдони 4, 2 гектар кабудизор гардид. Барои сабз нигоҳ доштани алафзор 3200 адад обпошакҳо насб карда шуд.

Ҳамчунин дар масоҳати 10 ҳазору 880 метри мураббаъ корҳои сангчинӣ дар канори наҳри дохили боғ, шинонидани 160 адад курсӣ, 500 адад таҷҳизоти равшандиҳӣ, бунёди 2 даромадгоҳ, 1 адад суҳбатҷой, 35 ҳазор дона гулҳои ороишию мавсимӣ, иҷро гардидааст.

Барои ободонии муҳити зист ва ба як мавзеъи дилфиреб табдил додани боғи “Дӯстии халқҳо” бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ҳазору 468 адад дарахти гуногун, аз ҷумла 276 соснаи қримӣ, 7 адад липа, 4 каштан, 298 кипарис, 32 дуб, 49 клён, 5 пихта, 5 чормағз, 24 соснаи санавбар, 129 каталпа, 45 гулу буттаҳои сирен, 265 сафедор, 151 кипариси аризонӣ, 60 бодом, 41 армуғон, 22 барбарис, 47 кактус дастрас ва шинонида шуд.

Иқдоми азнавсозии боғ, ки дар як ҷойи хеле мувофиқ ҷойгир аст, аз дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат ба хотири ба як шаҳри дилоро табдил додани пойтахти Тоҷикистони азиз мебошад.

Корҳои азнавсозии Боғи “Дӯстии халқҳо” — ро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба уҳда дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо коргарони Боғи “Дӯстии халқҳо” онҳоро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят карданд.

Дар майдони 2,31 гектари боғ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 варзишгоҳи хурди муосири футбол, теннис ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд карда истодааст.

Лоиҳа аз тарафи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Саноатсоз” таҳия гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Сафо як” иҷро мекунад.

То имрӯз Боғи “Дӯстии халқҳо” идораи маъмурии мувофиқ надошт. Акнун аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо майдончаҳои варзишӣ бинои замонавии маъмурӣ барои кормандони боғ сохта мешавад, ки он аз 4 утоқи корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва ҳаммом иборат хоҳад буд.

Дар ду тарафи даромадгоҳи боғ бо 500 ҷой таваққуфгоҳ барои мошинҳо бунёд мегардад.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат ҳамчунин лоиҳаи бунёди толори роллердром муаррифӣ карда шуд.

Фармоишгари бунёди бино Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуроб” буда, лоиҳаи он аз тарафи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи САНИИОСП таҳия шудааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати наздики 1 гектар бунёд шуда, дар ду ошёнаи он майдончаҳои роликтозӣ, бозиҳои компютерӣ ва мағозаи фуруши либосҳои варзишӣ бо қаҳвахонаҳо дар атрофи бино сохта мешавад.

Толори роллердром бо маблағи 2 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва дар рафти сохтмон 50 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва лоиҳаи тарҳи азнавсозии боғ ба хотири ба як боғи ҳақиқии дӯстӣ табдил додани он ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастур доданд, ки корҳои ободонӣ, чароғонкунии боғ ва дигар тадбирҳои созандаро вусъат диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар ҳудуди Боғи “Дӯстии халқҳо” як амфитетр бо 1 ҳазору 500 ҷойи нашаст бо сифати баланд сохта пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намоянд.

Супоришҳои дигар барои таъмини боғ бо техникаҳои зарурии обпошӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки чунин корҳои азнавсозӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ, сохтмони иншооти гуногун, аз қабили майдончаҳои бозии кӯдакона, варзишгоҳҳои муосир ва тадбирҳои созанда аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе ва сокинон дар дигар маҳалҳои шаҳр амалӣ гардид. Дар натиҷа барои сокинону меҳмонони пойтахт барои сайру гашт ва истироҳату фароғат, инчунин машқу тамрин шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Ҳадафи азнавсозии Боғи “Дӯстии халқҳо” дар ноҳияи Фирдавсӣ низ идомаи ҳамин корҳои созандагӣ дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатӣ дастур доданд, ки минбаъд масъалаи нигоҳубини боғҳои азнавсозишуда дар мадди назар қарор гирифта шавад, то ин ки ин марказҳои фарҳангию фароғатӣ солҳо барои мардум хизмат расонанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:14270
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:28797
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50721
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8260233

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?