Матни равон

Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи дохилиидоравӣ

“Оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”

Мутобиқи талаботи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми августи соли 2013, №1504 ва ҷиҳати таъмин намудани иҷрои тадбирҳои дар Нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, қарор мекунам:

1. Барномаи дохилиидоравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон “Оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Комиссияи ҷамъиятӣ, ташкилоту идораҳои шаҳр, бахшу шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, варзиш ва сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг, муассисаҳои тандурустӣ ва нашрияи “Соҳил”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур  тибқи нақшаи алоҳидаи соҳавӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Масъулони дар банди 2-и қарори мазкур доир ба рафти иҷрои барномаи дохили идоравии Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ҳар шаш моҳ як маротиба ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маълумоти пешниҳод намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи муовини якуми Раиси шаҳр Мирзоев Х.А. гузошта шавад.

 

Раиси шаҳр                                                               М.С.Амонзода

 

Замима

бо қарори Раиси шаҳр

аз 10.08.2016, №207

тасдиқ шудааст

 

Барномаи

дохилиидоравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

“Оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсиия барои солҳои 2013-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 

1. Муқаррароти умумӣ

 

1. Бо мақсади ташкили мубориза ба коррупсия ва муқовимат ба он аз тарафи мақомотҳои дахлдори ҳокимияти давлатӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, татбиқ ёфта натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст.

Аз ҷумла, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия(ришвахӯрӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардид ва баъдан 25 июли соли 2005 Қонуни мазкур бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд. Инчунин, бо мақсади иҷрои уҳдаддориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофӣ фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) таъсис дода шуд.

Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкили иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 Стратегияи мубориза ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардид, дар амал татбиқ гардида натиҷаҳои хуб додааст. Бинобар ин, бо Фармони дахлдори Президенти кишвар ба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул гардида, мавриди татбиқ қарор дода шудааст.

2. Барномаи мазкур мутобиқи банди 2 Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ карда шудааст, тартиб дода шудааст.

Тибқи банди 2 Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи ҳамаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки Барномаҳои соҳавии худро дар самти татбиқи Стратегия муқовимат ба коррупсия қабул намоянд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Барномаи идоравии зиддикоррупсиониро бо мақсади роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти худ пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ қабул намудааст.

 

2. Асосоҳои ҳуқуқӣ ва молиявии Барнома

 

3. Асосҳои ҳуқуқии Барномаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил менамоянд.

4. Асосҳои молиявии Барномаро маблағҳои буҷети давлат ва дигар сарчашмаҳои ба ин самт ҷудо карда мешаванд, ташкил медиҳанд.

5. Маблағҳои ҷудо шуда дар доираи чорабиниҳои пешбининамудаи Барномаи мазкур бо мақсади таъмини амалишавии самаранокии ин чорабиниҳои ҳуқуқӣ истифода бурда мешаванд.

 

3. Мақомоти ба татбиқи Барнома роҳбарикунанда

 

6. Ба раванди татбиқи Барномаи мазкур мақомоти Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳбарӣ менамоянд, ки онҳо ҳамчун ҳамоҳангсоз баромад менамоянд.

7. Раванди муқовимат ба коррупсия аз ҷониби воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр татбиқ карда мешаванд. Назорати ба татбиқи Барнома ба зиммаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон вогузошта мешаваад.

8. Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ, бахшу шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеъро дар самти муқовимат ба коррупсия зери назорат қарор мегирад.

 

4. Мақсади асосии Барнома

 

9. Мақсадҳои асосии Барнома ин баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини иҷрои меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ аз тарафи аҳли ҷомеа, баланд бардоштани шаъну эътибори ҳоқимияти давлатӣ, таъмини шароити хуби иҷтимоӣ ба аҳолии шаҳр  ба ҳисоб меравад.

10. Пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ аз тарафи шахсони мансабдор.

 

5. Вазифаҳои асосии Барнома

 

11. Ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои худ Барнома вазифа мегузорад, ки амалишавии он ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузошта шавад:

- таҳияи нақшаи чорабиниҳои кӯтоҳмуддати соҳавӣ (идоравӣ) барои ҳар ду сол;

- муайян намудани омилҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани онҳо;

- таъмини волоияти Қонун;

- қобили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ ва мақсаднок истифодабарии маблағҳо.

 

6. Роҳҳои ноил гардидан ба мақсадҳо ва вазифаҳо

 

12. Мақсадҳо ва вазифаҳо бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, фаҳмонида додани хавфҳо ва оқибатҳои коррупсия;

- дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат қарор додан ва тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- ҳамкории (шарикии) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон;

- ҳар охири сол баҳогузорӣ намудани фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ дар баланд бардоштани эътибори ҳокимияти маҳаллӣ;

- таъмини шароити мусоиди иҷтимоӣ ва дастгирии кормандони суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмин намудан бо манзили истиқоматӣ ва шароити хуби корӣ;

- тариқи қарордоди меҳнатӣ ҷалб намудан ба кор мутахассисони ба синни нафақа расида, ки қобилияти хуби корӣ дошта, барои нигоҳ доштани иқтидори зеҳнӣ замина мегузоранд;

- таъмини дарки коррупсия, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза ба коррупсия ва пешгирии он;

- истифодаи васеи воситаи ахбори омма (радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва ғайра), шабакаи интернет, дар кори тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, фаҳмондадиҳии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия;

- танзими ҳуқуқии возеҳи расмиёти қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва расонидани муҳтавои онҳо ба аҳли ҷомеа;

- муқаррар намудани масъулияти фардии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ барои қабули қарор;

- такмили низоми гузаронидани озмунҳо оид ба ҷойгир намудани фармоишҳои давлатӣ ва хариди давлатӣ, тендерҳо ва музоядаҳо оид ба хусусигардонӣ;

- таъмини шаффофияти механизмҳои истифодаи воситаҳои давлатӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, инчунин қарзҳои зери кафолати давлатӣ қарор гирифта, тавассути ҷорӣ намудани иттилооти муфассал дар вебсайти мақомоти дахлдори давлатӣ;

- таъсис додани Шӯрои машваратӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:13264
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:27791
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:49715
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8259227

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?