30 Апрел 2018
Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Зан ва ҷомеа» бо занону духтарони хонашин ташкил ва баргузор гардид.
Дар ифтитоҳ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, оид ба ҳадафҳои гузаронидани семинари омӯзишӣ баромад намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо борҳо таъкид намуданд, ки, аз «Модари солим, фарзанди солим ба дунё меояд, мо бояд баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим саъю талош намоем».
Ҳамчунин дар семинар Кенҷаой Исобоева, сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Бираҷаб Сафарова, табиби тибби оилавӣ, Амирҷон Бобоев, сарвари маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошавии норасоии масъуният ва ВИЧ СПИД, Муяссар Раҳимова мудири шуъбаи кор бо занони ҳизб иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Мавқеи зан дар ҷомеа», «Пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда», «Пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошавии норасоии масъуният ва ВИЧ СПИД», «Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим» ва «Пешгирии бемории сил» баромад намуданд. Ба иштирокчиёни семинар маводҳои омӯзишӣ тақдим карда шуда, ба саволҳои бонувон аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд.