02 Май 2018
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият» бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Меҳнат – шараф аст» бо иштироки намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилот, муассисаву идора ва ҷамоати шаҳракҳо доир гардид.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода сокинони шаҳрро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бахшида ба рӯзи меҳнаткашон шод бош намуд. Сипас ба пешоҳангони истеҳсолот, собиқадорони меҳнат дар вазъи мутантан сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марғуби консертиро манзури иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.