09 Май 2018
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 73 — юмин солгарди ғалаба бар фашизм ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузоштанд. Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд.
Дар маҳалли баргузории чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифт. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулчанбаргузорӣ гузориш дод. Баъди садои суруди миллӣ дар назди гулхани абадӣ ба поси хотири шаҳидони роҳи ғалаба гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Парлумони кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.
Нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалабаро пос доштанд. Мавриди зикр аст, ки шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон барои ба даст овардани ғалабаи бузург намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Ба муносибати рӯзи ғалаба инчунин гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, Сафорат ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузошта шуд.
Хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд. Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Дар рӯзҳои иди ғалаба ва дигар ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба онҳо кумакҳои моддӣ расонда мешавад.
Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба дар Боғи ғалабаи пойтахт бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе анҷом ёфт.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.