17 Май 2018
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи васлу насби трактор, ки бо иқдоми бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус таъсис дода шудааст, қадами устувор ва оғози боварибахши тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи саноатии ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.
Дар ин корхона солона 620 трактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ки моҳи сентябри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, ин нишондод ба 1700 адад хоҳад расид. Ҳамзамон дар марҳилаи баъдӣ истеҳсоли солонаи ядак (прицеп) ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ 2600 ададро ташкил дода, шумораи ҷойҳои корӣ низ зиёд мегардад.
Айни замон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Ҳамзамон дар ин корхона барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби мутахассисони бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли трактор ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо рафти васлу насби тракторҳо шинос шуда, санҷиши техникии аввалин тракторҳои дар ин корхонаи муштарак истеҳсолшударо назорат намуданд.
Мутахассисон мегӯянд, мутобиқати тракторҳо дар шароити Тоҷикистон омӯхта шудааст ва истифодаи онҳо дар корҳои кишоварзӣ хеле мувофиқ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус- 80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952» ва васлу насби ядак (прицеп) ва механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск» ва ширкати «Бобруйскагромаш» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Шарикони ҳамкор аз Ҷумҳурии Беларус шароиту имконоти фароҳамгардидаро дар самти соҳибкориву сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста, дар оянда барои васеъ намудани фаъолияти корхонаи мазкур корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.
Ба таъкиди муассисон, дар оянда аз ин корхона трактор ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот карда мешавад, ки анҷоми ин амал низ дар афзоиш ёфтани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сол то сол рушду густариш ёфта, корхонаи истеҳсоли трактор дар шаҳри Ҳисор натиҷаи ҳамкории пурсамари ду давлати ба ҳам дӯст мебошад.
Таҷрибаи бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар ҷиҳат манфиатовар буда, мушкилоти кишоварзонро дар дастрасӣ ба техникаву таҷҳизоти корӣ бартараф менамояд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.