Матни равон

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни фархундаи миллӣ-Иди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан ва намояндагони аҳли ҷомеа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.

 

Фазои шукӯҳу шодӣ ва истиқболи гарму самимии Пешвои миллат нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқ ба фарзанди оқилу сарсупурдаи миллат ва меъмори сулҳу ваҳдат мебошад.

Маҳз талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.

Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру тавоно, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик амал карда, ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ ва ба даст овардану таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ҷонфидоӣ намуданд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ ва минбаъд пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат марбут аст.

Истиқболи самимии намояндагони аҳли ҷомеаи шаҳри Истаравшан меҳру муҳаббат ва самимияти бепоёни халқ ба Президенти маҳбуби худ мебошад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2173
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2173
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53310
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262822

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?