Матни равон

Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои «Маркази ҷавонон ва наврасон»-и шаҳр сохта шудааст, ки қаблан ин мавзеъ ҷойи нообод буд.

Иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи Парчам 52,4 метр буда, масоҳати майдони он 3989,0 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «МПМК Ӯротеппа» мебошад.

Атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро фаввораҳою роҳрав ва намои иншооти наву замонавии бунëдшуда назаррабо сохта, ин ҷо бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ба макони дилписанду зебо табдил ёфтааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулин дастуру ҳидоят доданд.

Саҳни ин рамзи давлатӣ барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун мувофиқу мусоид буда, бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ дар худуди боғи Парчам каҳвахона, толори бозиҳои кӯдакона ва меҳмонхонаву дигар иншооти хизматрасонӣ бунëд гардидааст.

Дар Маҷмааи бозиҳои кӯдакона дар шафати майдони парчам, ки бо саҳми як нафар соҳибкор бунëд гардидааст, барои дилхушии кӯдакон дастгоҳу таҷҳизоти муосири шавқовар мавҷуд мебошанд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳм мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим дар шаҳри Истаравшан мавзеъҳои зиёди истироҳатию фароғатӣ навсозию бунёд гардида, барои сайру гашти сокинон ва баргузории чорабиниҳои гуногун шароиту имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2151
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2151
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53288
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262800

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?