28 Июн 2018
Гулистониён 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар шаҳраки Зарнисор бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, собиқадорону фаъолони шаҳр ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ваҳдат»-и шаҳрак намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳрак ба маърази тамошо гузошта шуда, сокинону меҳмонони сершумор аз навъи ҳунарҳои кӯхканони зарнисорӣ аз наздик шинос шуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода сокинони шаҳрак ва тамоми гулистониёнро бо Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори тоҷик маҳсуб меёбад. Раванди сулҳофарӣ дар кишвар ва татбиқи бомуваффақияти андешаи Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва таъинкунанда доранд.
Дар давоми ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол давом карданд, эҳсоси хусумат, шубҳа ва ноумедӣ тадриҷан аз байн рафта, ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият ёфт. Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳр корҳои бунёдкоронаву созандагӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, таҳти шиори «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, беҳдошти вазъи зиндагии мардум, пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Боиси сарбаландист, ки кулли сокинони шаҳр дар ин маъракаҳо якдилу якҷон иштироки фаъолона доранд.
Симои маркази шаҳр, ҳамзамон шаҳракҳои мо тарҳи нав ва замонавӣ мегиранд.
Сипас намояндаи ҶДММ ШСКТХ аз номи роҳбарияти ширкати бузурги саноати кӯҳӣ зарнисориёнро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош намуд.
Дар фарҷоми тантанаҳо санъаткорони бахши фарҳанг ва студияи «Коно ва Доно» барномаи адабӣ-бадеии «Ваҳдат –сарчашмаи сулҳу суботи кишвар»-ро манзури ҳозирин карданд.