04 Июл 2018
3 июл дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои миллии рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Рӯзномаи ҷаласа танҳо аз як масъала — муаррифии “Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор” иборат буд.
Ҷаласаро Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, таъкид карданд, ки афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар давраи дарозмуҳлат масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғл, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ, идоракунии самаранок, ҳифзи экология ва идоракунии равандҳои демографиро фаро мегиранд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Дар доираи рӯзномаи ҷаласа аз рӯи “Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор” ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Ҳамчунин дар баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, роҳбари дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерз, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидайет Бишчевич иштирок карда, пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намуданд.
Баромадкунандагон ба ин тадбирҳо баҳои мусбат дода, иброз доштанд, ки ҳамкории устувор бо шарикони рушд барои тақвият бахшидан ба раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ минбаъд низ идома меёбад.
Кори ҷаласаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, ба ҳамаи шарикони рушд барои иштироки фаъол дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.