18 Июл 2018
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷаласаи фаъолон бо иштироки муовин, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахш, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти қудратӣ, корхонаву ташкилот, раисони ҷамоти шаҳракҳо, вакилон ва намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Абдуаҳад Ҳакимзода доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми шаш моҳи соли равон маърўзаи муфассал намуд. Зикр гардид, ки дар давоми моҳҳои январ-июни ба иқтисодиёти шаҳр 253, 9 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардидаанд, ки аз он 211,7 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ 42,3 миллион сомонӣ инвеститсияҳои дохилиро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба соҳибкорон барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи 4, 8 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуда, Фонди дастгирии соҳибкорӣ бошад, якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 20 нафар соҳибкорон кумак расонидааст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ 34,7 миллион сомониро ташкил дода, ба 104,4% баробар мебошад.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми шаш моҳи соли равон ба маблағи беш аз 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 101,7 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 33,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 36,5 фоизро ташкил дода, истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рўи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.
Дар давоми шаш моҳ 9 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода шуд. Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 88,8 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 58,8 миллион сомонӣ зиёд, ё 295,8 фоизро ташкил дод. Дар ин марҳила аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 92,6 миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57,4 миллион сомонӣ зиёд, ё 256,3% мебошад.
Дар ин давра фондҳои асосӣ ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, корҳои пудратӣ бошад ба маблағи 6,9 миллион сомонӣ иҷро гардид.
Теъдоди шаҳрвандони машғули кор 8505 нафар буда, дар дин давра 803 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар ин давра музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 1776 сомониро ташкил дод.
Дар маҷмўъ дар ин давра дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 2785 оила ёрии моддӣ ва молиявӣ ба маблағи 450,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Дар нимсолаи якум 1782 меҳмонони хориҷӣ ва 9333 истироҳаткунандагони дохилӣ ба марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки аз он 2 миллиону 484,4 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.
Ҳамзамон дар маърўза дастовардҳои шаҳри соҳили баҳри тоҷик дар дигар самтҳои соҳаҳои хоҷагии халқ таҷзия гардида, бо далелу арқоми дақиқ тавзеҳ дода шуданд.
Раиси шаҳр дар баромади худ дар мавриди пурсиш ва вазифагузориҳои таъкид намуд, ки танҳо меҳнати софдилона ва иҷрои саривақтии нақшаҳо метавонанд гарави пешравиҳои мушаххас бошанд. Ҳамзамон сарвари шаҳр ба масъулини молия, андоз, омор, иқтисодиёту саноат, маорифу тандурустӣ, фарҳангу сайёҳӣ ва амсоли ин, масъалаҳои тақвияти шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ вазифагузориҳои мушаххас намуд. Таъкид гардид, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр беш аз 102 иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ мавриди тармиму тармим ва баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр намояндаии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд, директори Маркази “Тоҷикстандарт” Муҳаммадӣ Давлатов иштирок ва суханронӣ намуд.