Матни равон

26 июл дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузории машварати имрӯза натиҷагирӣ аз корҳои сохтмонии иҷрошуда, омодагии ҳамаҷониба ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар соли 2018 ва вазифагузорӣ барои давраи семоҳаи дигари соли 2018 мебошад.

Дар кори машварат нахуст гузориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ шунида шуд.

Дар ҳисоботи Сарвазири мамлакат, Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода таъкид гардид, ки аъзои шӯрои нозирон барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли кулли масъалаҳои муҳандисию техникӣ, риояи стандартҳои ҷаҳонӣ, ҷалби техникаю технологияи муосир, истифодаи оқилонаи мошину механизмҳои мавҷуда, назорати сифати корҳои иҷрогаштаи сохтмонӣ, тарбияи бунёдгарони ояндаи неругоҳҳои азим, бахусус расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, тамоми тадбирҳои мушаххас андешида шуд.

Дар кори машварат ҳамчунин ҳисоботи Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода ва намояндаи Ширкати «Салини Импреҷило» Лучано Чиконя оид ба иҷрои уҳдадориҳо дар самти анҷоми корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани навбати агрегати аввали неругоҳ таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад.

Афзалият додан ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои самарабахши худро дода истодааст.

Натиҷаи ҳамин талошҳову тадбирҳо буд, ки бори аввал дар зимистони солҳои 2017-2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ бемаҳдудият таъмин карда шуданд.

Барои расидани ба ҳадафҳои дигар бошад, Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», Роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар коргарону пудратчиён супориш доданд, ки бо истифода аз ҳар як вақти мусоид барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат талош варзанд.

Дастур дода шуд, ки барои расидан ба ҳамаи мақсаду мароми нек бояд уҳдадориҳо босифат иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ ва сарфи маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад. Ҳамчунин иҷрои босифати корҳо, дастрасии масолеҳи босифати сохтмонӣ ва ҳамкории зичу пурсамари фармоишгар бо ширкатҳои пудратии дохилу хориҷ таъмин карда шавад.

Дар охир Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти неругоҳ барои таҳияи нақшаи чорабинӣ оид ба истифода додани навбати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Супориши дигар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таъсиси ситоди ҷумҳуриявии ободонию кабудизоркунӣ, барои шинонидани дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ қад қади шоҳроҳи Ваҳдат то шаҳри Роғун дода шуд.

Баъди анҷоми кори машварат бо иштироки аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳамин ҷо ҳисоботи Раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим оид ба иҷрои корҳои ободонию созандагӣ шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои шоистаи сокинони шаҳри Роғун барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дода, онҳоро ба анҷоми тадбирҳои навбатӣ барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3317
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3317
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54454
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263966

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?