30 Июл 2018
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Нидерландия Виллем-Александр барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Аълоҳазрат,
Фоҷеаи ба ҳалокат расидани шаҳрванди Шоҳигарии Нидерландия бар асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андўҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид.
Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.
Аз Шумо, Аълоҳазрат, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтида бирасонед».