30 Июл 2018
Тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори ҷамоати шаҳраки Консой мулоқот бо намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳрак, раисони маҳаллаҳо, бонувони фаъол ва собиқадорон доир гардид.
Мулоқотро раиси ҷамоати шаҳраки Консой Баҳодур Абдукаримзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас мудири бахши кор бо занон ва оила Ойниссо Раҳматова доир ба муҳтавои Барномаи давлатии «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», одоби оиладорӣ, фаъолнокии занон дар корҳои ҷамъиятӣ, рушди ҳунарҳои мардум, пешгирии бемориҳои сироятӣ сухан ронд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Фирӯз Ҳодиев доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ташхиси тиббии муҳоҷирон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ баромад намуд. Дар интиҳо масъулин ба саволҳои иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои баррасишуда посух дода, мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.