07 Август 2018
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳузнангези бар асари силсилаи заминларзаҳои шадид дар кишвари Шумо ба ҳалокат расидану ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва харобиҳои зиёди моддӣ боиси андўҳи бузурги мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Индонезия сангин ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи ҷароҳатбардоштагон шифои комил хоҳонам».