Матни равон

Баъд аз мавҷи шадиди эътирозҳо, ки дар даймоҳи соли гузашта саросари ҶИЭ-ро  тӯли қариб як моҳ фаро гирифта буд, дигарбора ин амвоҷ аз нуқоти мухталифи ин кишвар шурӯъ ба талотум мекунанд ва бӯи тӯфонро дар тамоми фазои Эрон интишор медиҳанд.

Дар наворҳои видеоии расонаҳои хабарии бурунмарзӣ метавон дид, ки чӣ гуна тазоҳуркунандагон худравҳои пулиси ҶИЭ ва биноҳои сохторҳои давлатии онро оташ мезананд.  Дар шаҳристони Абҳари остони Занҷон - дар шимоли Эрон тазоҳуркунандагон ба нишони эътироз аксҳои бузурги Саид Алии Хоманаиро оташ мезаданд, ки ин падида бозтоби  мухолифати ҷиддии сиёсӣ ва талош барои аз бунёд барандохтани режими диниву мазҳабии худкома дар Эрон аст. Тибқи гузоришҳо дар шаҳри Арок - дар маркази Эрон тазоҳуркунандагон ба пойгоҳи созмони “Басиҷ”, ки сохторе ниманизомӣ буда, пиёдакунандаи аҳдофу барномаҳои Ҳукумати мазҳабӣ ва чашму гӯши Сипоҳи посдорон дар байни ҷомеаи эронӣ аст, ҳуҷум карда бинои онро оташ  заданд. Ҳамчунин дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон низ теъдоди зиёди муътаризон ҷамъ омада алайҳи режими исломӣ сару садо баланд мекунанд.

Дар ибтидо ин эътирозҳо низ чун эътирозҳои даймоҳи ҶИЭ зоҳиран дар иртибот ба вазъи мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ ва фасоди идорӣ дар кишвар ба вуҷуд омаданд, аммо ба тадриҷ тобиши сиёсӣ гирифтанд ва муътаризон дигар на ислоҳи вазъияти давлат, балки куллан барандозии режими охундиро тақозо мекунанд. Аз масъалагузориҳо ва ҳатто шиорҳои мардум аён аст, ки онҳо мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии кишварро аслан ба сиёсати нодурусти хориҷиву дохилии ҳайати раҳбарии ҶИЭ марбут дониста, маҳз мақоми раҳбарӣ ва ҳаста(ядро)-и ҳукумати мазҳабиро дар шахси Саид Алии Хоманаӣ маншаъи аслии тамоми мусибатҳои ҷомеаи хеш медонанд.

Дар воқеъ маҳз сиёсати хориҷии тавсеаталабонаву моҷароҷӯёна ва муғризонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон боис гардидааст, ки маблағҳои ҳангуфти буҷа ва захираҳои фаровони табиии ин кишвар на барои беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ мардуми заҳматкаши он, балки барои дахолат дар умури дохилии кишварҳои минтақа ва дастгирии гурӯҳҳои тундраву бунёдгарои исломӣ масраф шаванд.  Бидуни шак маншаъи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии Эрон маҳз сиёсати зӯргӯёна ва тавсеаталабонаи охундӣ аст. Ин сиёсат боиси он шудааст, ки Эрон аз сӯи баъзе кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва шарикони минтақавии қудратманди стратегии онҳо  ба бунбасти инзивои иҷбории  иқтисодӣ  равона карда шавад.  Дар  робита ба ин таҳримҳои рӯзафзуни рақибони сиёсӣ вазъи иқтисодии  ҶИЭ  ба тадриҷ хароб гардида, ҳамзамон вазъи иҷтимоӣ ва маишии мардуми Эрон низ беш аз пеш тоқатфарсову таҳаммулнопазир  мешавад. Қурби пули эронӣ мунтазам коҳиш ёфта нархи тамоми анвоъи маҳсулот дар Эрон рӯ ба афзуншавӣ дорад. Бахше аз корхонаҳои ин кишвар бинобар мушкилоти вазъи иқтисодӣ иҷборан фаъолияти худро қатъ мекунанд. Теъдоди зиёде аз коргоҳҳои  давлативу хусусӣ муҳлатҳои тӯлонӣ  наметавонанд ҳатто  маоши кормандони худро пардохт намоянд. Новобаста ба ҳаросафкании давлат ва ба маҳкама кашидану қатл кардани муътаризон қариб ҳамарӯза дар ин ё он гӯшаву канори Эрон мардум гирдиҳамоиҳову роҳпаймоиҳои эътирозӣ алайҳи Ҳукумати ҶИЭ ва ниҳодҳои он барпо мекунанд.  Аммо новобаста ба ин ҳама ҳолати буҳронӣ ва танишзои дохилӣ ҳайати раҳбарии ҶИЭ ҳанӯз ҳам дағдағаҳои сиёсии тавсияталабонаи худро дар хориҷи кишвар ва ба вижа дар Сурияву Ироқ, Яману Лубнон ва дигар кишварҳои минтақа пайгирӣ мекунад. Онҳо тамоми нерӯ ва сарвати миллии Эронро барои амалиётҳои бевосита ва бавоситаи артиши Эрон дар қаламрави  ин давлатҳо масраф менамоянд. Ҳамзамон дар ин кишварҳо гурӯҳҳои зиёди низомии маҳаллиро барои татбиқи аҳдофи инқилобии худ маблағгузорӣ мекунанд. Дахолат дар умури дохилии кишварҳои минтақа ҷузъе аз нақшаҳои кории режими Эрон аст.  Ба ин қарибӣ дар арафаи интихоботи парлумони Ироқ дар сарҳади байни ин кишвар ва Эрон расонаҳо доир ба қазияе навор пахш карданд, ки дар он миллионҳо доллар маблағ дар дохили қуттиҳо аз тарафи ҶИЭ ба қаламрави Ироқ ворид карда мешуд. Ҳадафи ирсоли ин маблағи ҳангуфт кӯмак ба тадорукоти интихоботии номзадҳои ироқие буд, ки гумоштагони ҶИЭ буданд. Ин гуна амалкардҳои қудратталабонаву муғризона ва ҳамзамон бемавриду бемавқеи раҳбарияти ҶИЭ дар воқеъ бисёр шигифтангез аст. Дар ҳолате, ки иқтисоди кишвари Эрон хароб шудаву мардуми эрониро  аз мушкилоти иқтисодӣ ҷон ба лаб расидааст, охундҳо бидуни парво даст ба аъмоле мезананд, ки на ба муқаррароти шаръӣ мутобиқат мекунаду на ба мизони адлу инсоф созгор аст.

Воқеият бозгӯи он аст, ки пружаи охундии интиқоли инқилоби исломӣ, ки барои он режими Эрон тамоми сарвати миллии худро масраф карда дар ҳаққи мардуми худ ҷабр мекунад, аслан ҳатто барои тарроҳони хеш низ ҳеҷ натиҷаи қобили мулоҳизае надоштааст. Режими  Эрон дар ростои интиқол ва “экспорт”-и  инқилоби исломии худ ҳаргиз муваффақияти чашмгир ва мондагоре надошт. Маблағгузориҳои ҳангуфти ин режим барои ташкил кардани инқилобҳои исломӣ дар қаламрави давлатҳои минтақа, ки дар созмон додани баъзеи онҳо Сипоҳи посдорон низ бевосита иштирок кардаанд, аслан натавониста буд ҳеҷ паёмадҳои устувор ва натиҷаи мондагоре барои Эрон ба бор оварад. Паёмадҳое, ки ин талошҳои тавсеаталабонаи режими охундӣ дошт, дар хориҷ  фақат ташаннуҷи вазъи минтақа ва дар дохил танҳо касодии вазъи иқтисодии  Эрон буд. Маҳз дар ҳамин замина феълан ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷии ҶИЭ ба вазъи мушкиле дучор шудааст.

Яке аз муҳимтарин аҳдофе, ки онро Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои сиёсати хориҷии хеш ҳанӯз аз оғози зуҳури худ сарсахтона дунболагирӣ мекунад, ин содир кардани инқилоби исломӣ ба хориҷ  ва  тавсиъаи паҳнои ҷуғрофии љумњурии исломӣ аст. Идеологњову назарияпардозони  инќилоби исломии ЉИЭ ва умуман режими сиёсии Эрон татбиқи ин ҳадафро нисбат ба кулли аҳдофи сиёсии давлати хеш дар авлавият гузошта, мутаассифона, тамоми иқтидори миллӣ ва сарвати табиии кишвари Эронро на барои беҳдошти зиндагии мардуми эронӣ, балки барои қудратталабиву мудохила дар умури дохилии кишварҳои минтақа ва роҳандозии амалиётҳои низомии мазҳабгароёна дар кишварҳои ҳамҷавор масраф мекунанд. Идеологњои инќилоби исломии ЉИЭ аввалан шиъагардонии мусалмонони суннї ва баъдан судури инќилоби исломиро ба  тамоми кишварњои мусулмоннишин ба миён гузошта, ахиран ташкили низоми исломии љањониро вазифаи муҳим ва афзалиятноки давлати Эрон медонанд. Барои татбиқи ин пружаи тавсеаталабонаи тахайюлии худ онҳо дар кишварҳои мусулмоннишини минтақа шабакаи террористие ба вуҷуд овардаанд, ки тавассути он дар қаламрави кишварҳои дар мадди назар гирифтаи хеш ҳокимияти сиёсии мавҷударо бо роҳи зӯроварӣ тағйир додан мехоҳанд.  Боиси таассуф аст, ки онҳо ТТЭ ҲНИ-ро низ яке аз ҳамин гуна абзори татбиқи ин лоиҳаи инқилобии худ медонанд.

Ҳадафи  ҳамкории  режими ҶИЭ бо ТТЭ ҲНИ ва ба ҳеҷ ваҷҳ қатъи алоқа карда натавонистани он аз ташкилоти террористии мазкур низ маҳз ба ҳамин қазия марбут аст. ТТЭ ҲНИ  чун “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон дар дасти режими ҶИЭ абзорест, ки онро  ҳаргиз ин режим ихтиёран раҳо нахоҳад кард.

Дар иртибот ба таҳқиқоти тасдиқгардида маълум карда шудааст, ки мақомоти махсуси ҶИЭ  ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳини шурӯъи фаъолияти сиёсии ТТЭ ҲНИ бо он робитаи мустақими пинҳонӣ доштаанд. ТТЭ ҲНИ  пас аз  паноҳ бурдани ҳайати роҳбарии худ дар ҶИЭ бо ниҳодҳои вижа ва ҳайати раҳбарии ин кишвар ба таври ошкоро ҳамкориро ба роҳ монд, ки ин равобит мутаассифона, то ҳол барқарор аст.

Боиси таассуф аст, ки дар натиҷаи аъмоли тундравонаи ТТЭ ҲНИ бо дастгирии ЉИЭ  кишвари тозаистиқлоли мо ду  даҳсола қабл ба майдони фоҷеабори набарди манфиатҷӯёни дохиливу хориҷӣ табдил шуда буд. Дар ин фоҷеаи миллӣ ва ҷанги бародаркуш беш аз 150 ҳазор ҳамватанони мо талаф шуда, Ватани азиз ба мотамсарои умумӣ мубаддал гардид.  Хоҷагии халқи кишвар ба маблағи бештар аз 7 млрд. доллари ИМА зарар дид. Зиёда аз 2 млн. шаҳрвандони Тоҷикистон макони зисти худро тарк карда дар дохил ва хориҷи кишвар дар ба дар шуданд. Дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ТТЭ ҲНИ нисбат ба намояндагони миллату давлати тоҷик даҳҳо маротиба амалҳои террористӣ ва сӯиқасдҳо анҷом дод ва боиси марги ҳазорон нафар гардид. Аксари  ин ҳамватанони мақтули мо афроди бегуноҳе буданд, ки бо дасисаи исломгароёни беислом қурбон шуданд. Ҳазорон нафари дигар дар паи ин сиёсатбозиҳои исломӣ ятиму бепарастор ва бехонумону фирорӣ гардиданд. Дар ин росто метавон садҳо саҳнаҳои даҳшатбори қатлу куштори ҳамватанони бегуноҳро ба дасти  афроди ифротиву тундгарои исломӣ ёдовар шуд, ки ҳатто баъд аз тасвиби Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ ба амал омада буданд.

Бо назардошти мавқеъгириҳои худхоҳона ва ҳамзамон худписандонаи  ҶИЭ нисбат ба ҶТ ҳатто коршиносони эронӣ низ бар он назаранд, ки дар ростои ҳалли мушкилоти мавҷуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳайати раҳбарии ин кишвар ҳаргиз аз тавтиаангезии худ даст кашиданӣ нестанд. Ин маъниро аз изҳори назари интиқодии сафири пешини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, ки рӯзи 23-юми апрели соли равон дар суҳбат бо пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии “Фарорӯ” нисбат ба сиёсатҳои нодурусти кишвараш  ироа кардааст, метавон дарёфт. Дипломати эронӣ дар ин бора ба хабарнигори  пойгоҳи “Фарорӯ” гуфтааст, ки иддаои ҳимояти Эрон аз амалиёти террористӣ дар Тоҷикистон ба қабл аз давраи маъмурияти сафирии  ӯ  марбут аст. “Ин ҳам дар ростои сӯитафоҳумҳои ба вуҷудомада байни Эрон ва Тоҷикистон аст, ки албатта Эрон барои рафъи ин сӯитафоҳумҳо гоме ҷиддӣ барнамедорад”, - афзудааст ӯ.

Феълан метавон мушоҳида кард, ки баъзе аз сиёсатмадорон ва коршиносони сиёсии ҶИЭ  ба хотири бузург ҷилва додани сояи нуфузи кишвари худ мағрурона изҳор медоранд, ки ҶТ кишвари кӯчаку камзарфият аст ва аз ин рӯ ҶИЭ барои роҳандозии сиёсати хеш дар Осиёи Марказӣ бидуни таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон низ метавонад фаъолияти густурдае дошта бошад. Ин коршиносон иддао мекунанд, ки гӯё ҶИЭ ҳеҷ манфиат ва ғарази сиёсие бо Тоҷикистон надорад. Агар дар воқеъ чунин бошад, пас чаро ҶИЭ аз  як ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъшудаи террористї  ин қадар бо ҳассосият ҳимоят мекунад?

Пойгоҳҳои  иттилоотии  ҶИЭ  дар  асоси таҳлилҳои муғризонаи худ иддао мекунанд, ки тира шудани фазои равобит ва муносибатҳои Тоҷикистону Эрон аслан барномаи қаблан тарроҳишудаи афрод ва ниҳодҳои муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки таҳти таъсири давлатҳои арабӣ ва ба вижа Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст ва дар ин замина ҷониби Тоҷикистон аз ТТЭ ҲНИ ҳамчун абзори иттиҳом бар алайҳи ҶИЭ истифода мекунад.

Ин иддаои пойгоҳҳои иттилоотии  ҶИЭ ба хотири пардапӯш кардани воқеияти фаъолияти муштараки ТТЭ ҲНИ ва  ҶИЭ интишор дода мешавад ва ба ҷуз таҳрифи воқеият чизи дигаре нест. Аммо воқеият он аст, ки феълан  низ  ЉИЭ ТТЭ ҲНИ-ро  дастгирї  мекунад ва  ба ин васила  барои  тафриќаангезиву даргир  кардани  љомеаи  мо омода  будани  худро ошкоро нишон  медињад. Оё аз љониби ЉИЭ чунин  муносибат кардан  нисбат  ба давлат ва миллати тољик шоиста аст?   Оё  ЉИЭ ҳаққи чунин дахолатро дар умури дохилии кишвари мо дорад?

Вақти он аст, ки сиёсатмадорони Эрон  омили аслии номуваффақии сиёсати хориҷии кишвари худро дар ростои тањкими  мавќеъ ва густариши  нуфузи  хеш  дар Осиёи Миёна ва Афѓонистон шиносоӣ кунанд. Онҳо бояд бидонанд, ки чаро ЉИЭ дар ин минтақа бо вуљуди  доштани  имконоти  зиёд ва  заминањои  мусоиди таърихиву фарҳангӣ  барои тақкими ҷойгоҳи худ на фаќат муваффаќ намешавад, балки  ба мушкилот дучор  мегарданд ва тадриљан нуфузи сиёсиву мавқеи иќтисодии  бадастовардаашро  аз даст медињанд? Коршиносони эронӣ дар ин росто набояд вонамуд кунанд, ки  омилњои  заъфи  нуфузи  Эрон дар минтаќаи мазкур аслан ба таъсиргузорињои раќибони манфиатљўяшон марбут аст. Омили аслии  коњиши  эътибори  Эрон  дар ин минтақа марбут ба сиёсати мазњабмењвари он аст.

Ин сиёсатҳои тавсеаталабона ва ифротгароёнаи Эрон бархилофи тасаввур ва интизороти ҳайати раҳбарии ин кишвар на омили густариши нуфузу афзоиши маҳбубияти ҶИЭ дар минтақа, балки боиси эронҳаросӣ ва танаффури мардумони кишварҳое шудааст, ки ниҳодҳои давлатии ҶИЭ дар қаламрави онҳо ҷангҳои сард ва гармро роҳандозӣ мекунанд.  ҶИЭ бо ин сиёсати худ зоҳиран нохудогоҳона, вале моҳиятан огоҳона он  кореро анҷом медиҳад, ки гӯё бо он мухолиф аст ва барои татбиқи пружае талош мекунад, ки манзури рақибонаш аст, яъне аз бунёд мутазалзил кардани олами ислом ва дуқутба кардани он. Сиёсате, ки ҶИЭ аз замони зуҳури худ дар минтақа ва умуман ҳавзаи давлатҳои исломӣ  роҳандозӣ мекунад ба ҷуз тафриқаангезиву нифоқ ва танишу чолишҳо чизи дигаре дар байни мусулмонон ба бор намеорад. Бо таҳлили чунин роҳкори муғризонаву розомези ҶИЭ гоҳе ба фарзияҳое низ метавон бовар кард, ки зуҳур ва ҳузури ин режим дар минтақа шояд худ пружаест, ки ба воситаи тарроҳони назарияи “эҷоди буҳрон ва мудирияти он” роҳандозӣ шудааст ва рисолати ин хӯсаи сиёсӣ ба ҷуз тафриқаангезӣ ва ҳаросафканӣ дар байни кишварҳои исломӣ ва ба вижа давлатҳои арабӣ чизи дигаре нест.

Оре, симои  сиёсии Љумҳурии исломии Эрон  на танҳо аз дидгоњи мардумони  ѓайрипорсизабони суннимазњаби минтаќа, балки њатто дар назари  порсизабони  давлатњои њамљавор  низ бинобар дахолати эътиќодї ва таассуби мазњабї  ҳаросафкану тарсангез ба назар мерасад, аммо новобаста ба ин  мардуми форсизабони кишварҳои минтақа агарчанде  сиёсати мазњабмењвари њукумати Љумҳурии исломии Эронро намепазиранд, вале  нисбат  ба  мардуми Эрон њамеша  хушбин  буданду њастанд.

Умедворем, ки ҳайати раҳбарии Љумҳурии исломии Эрон нисбат ба  роҳкорҳои тавсеаталабонаи сиёсати хориҷии худ, ки боиси ташаннуҷи вазъи минтақа ва тахриби иқтисоди Эрону  машаққати эрониён шудааст, таҷдиди назар хоҳад кард ва иртиботи худро бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон бар мабнои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусули манофеи муштарак  ба  роҳ хоҳад монд.

 

Хусрави  Шерзод

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4103
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4103
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55240
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264752

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?