Матни равон

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» машварати августии маорифчиёни шаҳр таҳти унвони «Муваффақият ва дастовардҳои аҳли маориф дар асоси дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифро бо ҷашнҳои миллӣ ва Рӯзи дониш муборакбод намуд. Зикр гардид, ки соҳаи маориф зери роҳбарӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушд ниҳода, дар ҷодаи баланд бардоштани сифати таҳсил, тарбияи ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва ба воя расонидани наслҳои шоистаи замон қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ҳамзамон, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани яке аз санаҳои муҳими таърихии давлатамон – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида шудааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» бори дигар шаҳодати ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат буда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат ба тавсиб расидааст.

Сипас мудири шуъбаи маорифи шаҳр Мирҷумъа Бобозода дар мавзӯи «Дастовардҳои соҳаи маориф ва нақши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии иҷроияи шаҳр дар рушду такомули соҳа», директори муассисаи таълимии № 3 Санавбар Набиева, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №8 ва Таҳмина Ашӯрқулова дар мавзӯъҳои “Мавқеъ ва вазифаи маъмурияти муассисаи таълимӣ дар тарбияи хонандагон тибқи нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Муносибати босалоҳият дар фанни забони тоҷикӣ”, “Роҳҳои бедор намудани тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ” маърӯза намуданд.

Дар поёни қисмати расмии чорабинӣ ба собиқадорони соҳа, фаъолон ва мутахассисони ҷавон Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати маорифи вилояти Суғд, шуъбаи маориф, кумитаи иттифоқи касабаи маорифчиён ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар қисми дуввуми чорабинӣ аз ҷониби кормандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барномаи марғуби фарҳангиву адабӣ ба намоиши гузошта шуда, хотири ҳозиринро болида намуданд.

Дар ҷаласаи машварати августӣ намояндаи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Дилрабо Сатторова иштирок ва суханронӣ намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3576
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1666
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12632
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:34556
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8244068

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?