30 Август 2018
Ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии гӯштини тарзи румӣ-юнонии шаҳр мусобиқаи умумиҷумҳуриявии оид ба гӯштини румӣ-юнонӣ байни наврасони соли таваллудашон 2005 ва аз он боло ба хотираи собиқ раиси шаҳри Гулистон Муҳаммадҷон Файзуллоев бо иштироки 110 нафар варзишгари наврас аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тайи ду рӯз ба вуқӯъ пайваст.
Варзишгарони наврас аз рӯи 12 вазн байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар охири мусобиқа ба ғолибон диплому туҳфаҳои сарпарасти чорабинӣ супорида шуданд. Варзишгарони гулистонӣ Муминҷон Отаҷонов, Ҳасан Ҳамроалиев,, Абдусамад Даминов, Ғайбулло Наботов, Кароматулло Алишерӣ дар вазнҳои худ чемпиони мусобиқа, Ҷонибек Раҳимҷонзод, Исфаҳон Хушдилов, Муҳаммад Гуруков сазовори ҷойи дуюм ва Муслим Наҷмиддинов, Нурмуҳаммад Раҳматуллоев, Фирдавс Самирӣ, Давлатбек Соҳибхӯҷаев, Давлатбек Ҳоҷибоев, Амон Ёқубов соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.