02 Октябр 2018
Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 15 «Гулистон», Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо интихобкунандагон доир гардид.
Вакили Маҷлиси вилоятӣ доир ба раванди фаъолияти вакилӣ дар ҳавзаи интихоботӣ, нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ва таҷлили шоёни иди бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи марбут ба одоби фарҳанги шарҳнишинӣ ва масоили тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ суханронӣ намуд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ҳудуди шаҳр ба ифтихори ҷашни бошукӯҳи миллӣ дар доираи чорабиниҳои 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудани беш аз 180 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми нуҳ моҳ беш аз 20 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, то охири соли равон боз ба истифода дода 17 иншоот дар назар аст. Имрӯз корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии шаҳру шаҳракҳо идома дошта, гулгашту кабудзоркунӣ дар тамоми маҳалли зист тақвият меёбанд.