08 Апрел 2015
Аз 2 то 9 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҷлил гардида истодааст. Ба ин муносибат дар Кохи Истиқлол таҳти «Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест…» чорабинӣ доир шуд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гулрабо Эшматова, директори китобхонаи марказонидашуда Бибиомина Мирзоева, муовини раиси бахши суғдии ИН Тоҷикистон Муҳаммад Субҳон, шоир Камоли Рӯмонӣ роҷеъ ба ҷавҳари ташаккулдиҳандаи руҳи инсон дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеа – китоб ва бештар рӯ овардани кӯдакону наврасон ба ин дӯсти беғараз баромадҳои ҷолиб намуданд. Иҷрои таронаҳои ҷаззоб, рақсҳои дилангез ва шеърҳо дар боби китобу маърифат аз ҷониби ғунчаҳои санъати дабистонҳои маркази шаҳр басо руҳнавозу дилписанд танинандоз гардида, мақбули ҳозирин гашт.
Наттоқони ҷавон Таҳсина Соқиева ва Бахтовар Холиқов бо маҳорати хуби ровигӣ маҳфили фарҳангиро шукуҳи тоза бахшиданд.