08 Апрел 2015
Бино ба маълумоти расмии оморӣ дар ин семоҳаи сипаришуда кулли корхонаҳои саноатии шаҳр тавлиди маҳсулотро ба миқдори 222 миллиону 78,5 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нақшаи дурнаморо 103,4 дарсад таъмин мекунад. Дар қиёс баҳамин давраи соли 2014 афзоиши истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 7 миллиону 274,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Чун ҳамешагӣ кори муназзам ва мӯътадили ҶДММ "Ширкати саноатӣ-кӯҳии Тоҷикистону Чин", КМ ТКММ "Апрелевка", ҶДММ "Чархи гардун" ва ҶДММ "Хубон" ба мушоҳида расида, дар самти рушди истеҳсолӣ мақоми пешравро ноил шуданд.
Дар семоҳаи гузашта ҶДММ "Боғи Фирдавс", ҶДММ "Дӯстон", ҶДММ "Сахо и К" низ ба рушди истеҳсолӣ муваффақ гаштанд. Зиёда аз 30 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд, ки дар ҳалли масъалаи иҷтимоӣ нақши муассир мегузоранд. Роҳбарият ва мутахассисони ҶДММ "Дӯстон" ҷиҳати вусъати корҳои истеҳсолӣ қадами ҷиддие пеш гузошта, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали се коргоҳи паррандапарварӣ муваффақ шуданд, ки то ин дам ба миқдори 1 миллиону 537 ҳазор тухм истеҳол намуда, дар ғанӣ гаштани бозори дохилӣ саҳми арзанда гузоранд.