Матни равон

Кури Саидюнуси Истаравшанӣ, масъули фирории сомонаи «Кимиёи саодат» дар ҷавоб ба олимони шинохта ва рӯҳонияти расмии Тоҷикистон, сангпартоии нораво дорад.

28-уми октябри соли 2018 дар саҳифаи «Кимиёи саодат» мақолаи «Уфули фирқагароӣ» мақолае чоп карда, бо иқтибос ба муҳаррири нашрияи «Атлантик»-Ҳасани Ҳасан, дар бораи таназзули фирқагароӣ ё ба истилоҳе ҷангҳои мазҳабӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ишораҳои сатҳӣ ва ҷоҳилонае доштааст.

Шоистаи зикр медонем, ки мавқеъгирӣ ва сарнавишти С.Истаравшанӣ дар тӯли 20 соли охир ба куллӣ хилофи он чизест, ки ӯ иддао дорад. Манбаъҳои иттилоотӣ аз Эрон мерасонад, ки Истаравшанӣ марбути ҳалқаҳои хатарноки фирқагароӣ гардидааст ва дар пойгоҳҳои ҳавзаи динии Қум ва Гургон ба гаравидани ҷавонони тоҷики муқими ин кишвари исломӣ саъю талошҳои беандоза мекунад. Ҳамин манбаъҳо хабар медиҳанд, ки парастиши мазҳаби асноашария дар чанд марҳила аз дастандаркорони «Кимиёи саодат» сурат мегирад:

Якум, шустушӯйи мағзии атфол ва кӯдаконе, ки волидайнашон бо ҳукми тақдир ва талаботи рӯзгор ба ин кишвар сафар кардаанд  дар муҳити хонаводагӣ, муассисаҳои таълимӣ  ва дар фазои бегонаи динӣ дар шаҳрҳои калидии ҶИЭ;

Дуюм, тарғиби мазҳаби номбурда бо нашри китоб, маҷалла ва пахши наворҳои видеоии дар лаҳзаи нахуст беғараз, вале дорои фишори тадриҷии зеҳнӣ;

Сеюм, С.Истаравшанӣ гардонандаи сомонаҳои зиёди мазҳабӣ мебошад, дар домени интернетии Эрон ва кишварҳои ҳамсоя онҳоро сабт кардааст ва рӯзвор бо дастаи «содиқу вафодораш» пуррӯёна фаровардаҳои мазҳаби шиаро ташвиқ ва тарғиб мекунад;

Чорум, Саидюнус пойро фаротар аз курпа гузошта, ба мазҳабкунонӣ ва тарбияи афрод дар рӯхияи охундпарастӣ дар маҳалли мушаххас ва дар ҳалқаи муайяни мардумӣ (ш.Истаравшан ва Бухоро) дастдарозӣ мекунад.

Панҷум, Шоҳидони ҳол мерасонанд, ки афроде ки ба кишварҳои шиамазҳаб сафар мекунанд аз теғи хатарофари таблиғоти Саидюнуси Истаравшанӣ дар амон нестанд. Ин шахс мусофирони тоҷикистониву ӯзбекистониро гурӯҳбандӣ карда, бо ҳар роҳу васила, таҳти таъсиррасонии мазҳабӣ қарор медиҳад. Бо тоҷирон бархӯрдаш аз ин қарор аст: ба онҳо дар мадди аввал таваҷҷуҳи молӣ мекунанд  ва пешниҳоди шарикҳои ба ном боэътимоди тиҷоратиро пешкаш мешавад, рафтуомади доимӣ ва бемамониати онро таъмин менамоянд; ба олимон дар чопи китобҳо кӯмак кунанд; ба ҷавонон «дурнамо»-и хушояндро дар зеҳнашон ҳаккокӣ дар бораи ҷомеаи эронӣ ҳамчун ҷомеаи бебадилу ягона нақш мебанданд.

Ва ҳамаи ин тадбирҳои ғайриисломӣ як ҳадаф доранд ва он ҳам-тасвири ноби биҳиштӣ аз мазҳаби давлатии Эрон ва тарбияи насли вафодори охундҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ.

Бинобар нағунҷидани далелҳои дигари  мазҳабикунонии С.Истаравшанӣ дар ҷомеаи тоҷик, тафсири онҳоро ба даъфаи дигар ҳавола мекунем.

Дар фарҷоми сухан гуфтанием, ки С.Истаравшанӣ наметавонад улгу ва намоди боризи тоҷики ҳанафимадор бошад. Чӣ тавр ба худ иҷозат медиҳад, насиҳатгари афроди поку беолоиш бошад, он ҳам дар мавзӯи фирқагароиву мазҳабпарастӣ?!

Бурҳонов Аъзам, исломшинос.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:11274
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:25801
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47725
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8257237

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?