Матни равон

Дар шабакахои иљтимои ва сомонахои интернети шахсе бо номи Сайидюнуси Иставрашани, ки худро тахлилгари «хамадон» мехисобад, дар мавзуоти мухталифи фархангиву сиёси ва иљтимоиву адаби хомафарсои мекунад. Ин нафар пойгохи тахлилииеро «сохиби» мекунад, ки  ба унвонии «Кимиёи Саодат» дар шабакаи љахонии интернет љойгох дорад. Номбурда аз ин пойгохи дурўѓпарокании хеш хамеша матлабу маќолотеро ба миён мегузорад, ки хусусияти муѓризона ва хангомаљўёнаро доранд. Аксар навиштахои ин нафар бо як услуби мармуз нигошта шудаанд, дар зехнхо суолотеро ба вуљуд меоварад, ки оё Сайидюнус худ аз навиштани ин маќолахо чи мехохад? Оё дар асл хадафи ў воќеиятро тахлил кардан аст, ё тахрифи воќеият? Мафхуми «Гуфтугў бо огохон», ки дар маќолоташ ишора мекунад, яъне киро дар назар дорад? Ин огохон чаро ва аз чи рохе махз бо ў дар иртиботанд? Мафхуми «маљмуи додахо» ( база данных)-ки дар маќолахояш борхо ишора мекунад мутааллиќи кадом шабакаи љосуси ё хадамоти махсуси давлати хориљи нестанд? Ин хама бозгўкунандаи он нест, ки мухтарам Сайидюнуси Истаравшани хидмати кадом сервиси махсуси кишвареро анљом намедихад?

Барои равшани андохтан ба ин суолот аввалан бояд муаян намуд, ки Сайидюнуси Истаравшани кист ва дар кадомин мухити хонаводаги тарбият ёфтааст, зеро таъсири мухити хонаводаги дар парвариш ва бакамолрасии фарзанд таъсири зиёде дорад, ки онро борхо донишмандону мутафаккирон ќайд намудаанд. Аз љумла хаким Фирдавси мефармояд:

Ба нопокзода мабандед умед,

Ки занги нагардад ба шўстан сафед.

Номи аслии ў на Сайидюнуси Истаравшани, балки Бурхонов Юнус Аббосович буда, мавсуф миёни ахолии зодгохаш - шахри  Истаравшан хамчун шахси фитнагар ва «зани чилшавхара» шинохта мешавад. Авлоди Бурхоновхо миёни мардум хамчун ашхоси «аспдузд» ном бароварда, солхои вазнинии хаёт ба љойи мехнати халол ва дастгирии ахли диёр аспони мардуми фаќирро аз дехот дуздида дар ќаламрави  Љумхурии Узбекистон мефурухтанд ва аспони сокинони он кишварро низ ѓорат карда, ба Тољикистон оварда мефурўхтанд.

Бобои номбурда Бурҳон ном дошта замоне ба сифати мудири анбор кор мекард. Он давра замони қаҳтию гуруснагӣ буд, мардум нони хӯрдан надоштанд. Ӯ гандумро медуздад ва ба хотири дуздияшро пӯшонидан анборро оташ мезанад. Барои амали нопокаш ӯро ба ҳабс мегиранд ва барои даҳ сол ба минтаќаи Сибири Русия бадарға мекунанд. Падари Юнус - Аббос амали бобояшро давом медиҳад. Миёни мардуми Истаравшан падари ӯ бо номи аспдузд «шӯҳрат» дорад. Агар дар Истаравшан пурсед, ки падари Маҳмадюнусе, ки мехоҳад номи Истаравшанро доғдор кунад кист, бо як овоз мегӯянд: "Аббоси аспдузд". «Писар чи гуна, падар намуна»- мегӯянд мардуми тоҷик.

Пас аз бадарѓа шудан ин оила ба шахраки Пролетари нохияи Пролетар (хозира  н.Љаббор Расулов) кўч баста, дар он љо низ аз сабаби ба муросо наомадан бо хамсоягон ва бо бахонаи дуохони расидан ба иззати нафси занхои бемору эхтиёљманд, ради маърака шуда, баъди чанд сол боз ба махаллаи Боѓоти шахри Истаравшан баргашта меояд.

Бурхонов Юнус дар зиндаги ду маротиба оиладор шудааст. Хангоми тахсили дини гирифтанаш дар шахри Тошканд дар назди домулло Маъруфљон Рахимљонов – собиќ имомхатиби масљиди љомеи «Усмони Чархи»-и дехаи Ободи шахри Истаравшан, ки соли 1993 аз љониби маќомоти суди вилояти Суѓд ба мухлати 5 сол аз озоди махрум шуда буд, бо хар найрангу васваса ба дили ў љо шуда, духтари ин нафарро  ба зани мегирад ва аз он сохиби чор фарзанд мешавад. Пас аз мољарохои зиёди оилави ва гирифтани зани дуввум аз шахри Вахдат, зани аввалааш аз ў људо шуда, ба назди оилаи худ ба шахри Тошканд бар мегардад. Дар Тошканд ўро маќомоти ќудратии Љумхурии Узбекистон барои алоќамандиаш бо гурўххои террористи дастгир карда, ба мухлати 13 сол ба махкама мекашанд, ки нихоят соли 2014  дар махбас вафот мекунад. Бурхонов Юнус бошад бо зани дуввуми худ ба шахри Ќуми Љумхурии Исломии Эрон фирор мекунад.

Бародари Бурхонов Юнус - Бурхонов Юсуф Аббосович бошад, соли 2008 барои даст доштанаш ба муомилоти ѓайриќонунии воситахои нашъадор боздошт ва ба мухлати 9 сол аз озоди махрум карда шудааст. Бародари дигараш Бурхонов Мансур Аббосович соли 1995 мадрасаи «Имом Хумайни»-и шахри Ќумро хатм намуда, дар шахри Мозандарони Љумхурии исломии Эрон таълимоти харби хам гирифтааст. Ў соли 2002 хамчун аъзои ташкилоти террористи аз љониби маќомоти хифзи хуќуќи Љумхурии Тољикистон боздошт шуда, ба мухлати 12 сол аз озоди махрум карда шудааст.

Бурхонов Юнус пас аз мактаби миёна идомаи тахсилро дар кишвархои хориља (шахри Саратови Федератсияи Россия, шахри Тошканди Љумхурии Узбекистон, шахри Димишќи  Сурия, шахри Ќуми Љумхурии Исломии Эрон) гирифта, мубаллиѓи аќидагарои, мазхабгарои ва сиёсати мољарољўи гаштааст. Ў дар хамрохи бо якчанд ашхоси љиноятпеша, аз љумла раиси ташкилоти экстремистию террористии Хизби нахзати исломи - Мухиддин Кабири ва якчанд нафароне ки аз љониби Интерпол дар љустуљўи љинояти ќарор доранд, мехоханд тариќи шабакаи иљтимоии “Фейсбук”, сахифаи шахсии интернетии «Кимёи саодат», барномаи телевизионии «PersiaTV», “К+” оташи љанги Сурияву Ироќро ба Тољикистон оранд.

Ў як маротиба хангоми бозгашт ба Тољикистон ба  таблиѓи аќоиди бегонаи дини ва ихтилофбарангезии мазхаби даст зада, аз љониби равшанфикрон мавриди интиќоди  сахт ќарор гирифта буд ва тарки кишвар карда буд. Хамчун мушовири махфии рохбарияти ТТЭ ХНИ дар Тољикистон солхои тўлони фаъолияти пасипардаги бурда, аз љониби хайрияхои маќомоти љосусии хориљи маблаѓхои зиёдро сохиб мешуд.

Дар аксари навиштахои Сайидюнус пайдост, ки худ даъвои донишманди дорад ва ба љуз харфхои хеш хар нуќтаи назари дигар барояш  чаранд ва ёва талаќќи мешавад. Ин бозгўйкунандаи он аст, ки ин нафар сахт худбовару худхох аст. Харчанд аксар маврид Истаравшани даъво пеш меоварад, ки хељ гох на дар гузашта ва на дар холи хозир узви созмони террористии ХНИ набудааст. Аммо «ин бандаи Худо», ки бисёр адолатпеша будааст, хамвора ваќте дидааст «дар бораи ин хизб харфи бељо ва тухмати нораво мезананд» аз он дифоъ ба амал меовардааст ва ин кор барояш вазифаи инсонию механи ва таклифи шаръи будааст.

Харчанд Истаравшани даъво пеш меоварад, ки ў аъзои ТТЭ ХНИ нест, аммо масъала танхо марбути аъзо будан ба ин ё он хизб нест. Воќеият ин аст, ки Истаравшани ба хайси яке аз дифоъгарони расмии ТТЭ ХНИ дар шабакахои иљтимои ба хисоб меравад. Вай ва аъзоёни раёсати ТТЭ ХНИ яксон андеша мекунанд ё аз як пойгох ва ба таври якхела дастур мегиранд ва идеологияи ягонаро љонибдори менамоянд. Аз ин рў, шарт нест, ки расман аъзои ТТЭ ХНИ буд ё набуд.

Аз тахлил ва навиштахои Саидюнус пайдост, ки номбурда ба хайси афсари љосусии кадом кишваре амал мекунад. Зеро тарзи фаъолияти  пойгохи хабарию сиёсии ў дар интернет ва макону маќари он дар хориљи кишвар бозгўкунандаи онанд, ки гумоштаи хадамоти махсуси  кишвари муайян аст ва аз манофеи он дифоъ мекунад.  Дар 24 соати шабонарўз дар шабакахои иљтимои ва расонахои хабари ба хайси афсари љосусии  хадамоти махсуси хољагонаш хизмат менамояд. Вазифаи асосии “шариатпанох” гумрох кардани љавонону љалб намудани онхо барои манфиатхои бегона аст. Сайидюнуси “хамадон” мисли падару бобояш хама чизро мефўрашад, зеро барои ин тоифа дарки мафхуми “хиёнат” вуљуд надорад. Ин нафарон барои пулу манофеъ ва обрўи арзон ба давлату миллати худ хиёнат мекунанд ва аз усули муѓолата истифода намуда, худро донишманду тахлилгар ва то хадде хакиму файласуф нишон медиханд.

Сайидюнуси “рисолатпанох”,  аз чандин ниќоб барои ба доми тазвири аќоиди хеш кашидани љавонон истифода менамояд. Гохо худро хакиму файласуф вонамуд месозад ва тахлили фалсафаи Синою файласуфони урупоиро бо назардошти манфиатхои худ ва дастурхои хољагонаш тафсир медихад, ки аслан хељ алоќаманди ба худи онхо надоранд. Гохе худро зистшинос ва донандаи ќавонини рушди олами зинда разёби мекунад ва назарияи тахаввули олами зиндаро ба тарзи худ олуда бо фахми шариатмехвари мавриди арзёби ќарор медихад. Гохе тафсиргари Хайёму Мавлоно мешавад ва аз «шароби лоязоли» харф дар миён мегузорад. Воќеият чехраи ин “донишманд” ин аст, ки тайи солиёнест барои манфиатхои бегонагон алайхи миллату давлати худ бо номи «дифоъ аз ормонхои исломи» мубориза мебарад. Сайидюнуси «хамадон» сахт бечора аст, зеро барои ин нафар иродаи озод вуљуд надорад. Шабахи лухтакест, дар дасти дигарон.

Саидюнус гохе дар чехраи “пажухишгари исломи” худро ба љилва меорад, вале боре ин воќеиятро намегўяд, ки хамон љомеае, ки шариатсолору бихишти адн аст ва инсонхо дар он хубу рохат зиндаги доранд кадом аст, ки онро хамчун нимод ќарор диханд ва онро пайгири кунанд, ин Эрон аст, Арабистони Сауди аст, ДИИШ аст ё хазрати Махди омада онро бунёд мекунад ва шабу рўз ибодат карда онро мунтазир бошем?   Ин “пажўхишгари исломи” боре зикр намекунад, ки ин љараёнхои љиходии исломи, ки хар рўз дар кишвархои љахон даст ба тарсафканию дахшатафакани мезананд, инсонхоро зинда-зинда месўзонанд, љомеахоро хароб мекунанд ва ќатлу ѓорату кушторро бо бадтарин ва фаљеътарин шева анљом медиханд кори исломи ноби хоставу назари сарпарастони ўро анљом намедиханд.

Ё ин хама ба истилохи Сайидюнус «мазаи мусалмон» будан аст, ки инро дигархо эхсос кардан наметавонанд ва онро танхо ў ва хаммаслакони шариатбунёди ифротиаш  хис кардаанд? Ин “пажўхишгари исломи” намегўяд кадомин равияю марљаияти имрўзаи исломиро бояд бовар кард ва онро воќеияту исломи ноб бояд шинохт. Салафияро, вахобияро ташайюъро, вилояти фаќехро, ДИИШ-ро, Боку харомро, Ансоруллохро, Харакати Исломии Узбекистонро, ТТЭ ХНИ-ро, Ихвон ул муслуминро, Ал-ќоидаро,  Харакати Толибонро, “Лашкари тайиба”-ро? Кадомро?

Тайи ин хама  солиён, ки ба истилох “пажўхишхои исломи” анљом додааст, ба љуз гумрох намудани хазорон нафар ба хотири манфиатхои бегонагон кори дигареро анљом надодааст. Аз навиштахои ин “пажухишгар” пайдост, ки номбурда аслан аз дидгоххои илми ва равишу методологияи онхо хабаре надорад ва аз сатхи як охунд болотар андеша карда наметавонад, дар чорчўбаи як охунд, ки љахонро аз дидгохи асри 7 ќиёс мекунад, донишу “пажухишгари” дорад.

Мутаасифона, бо харфхои хазёну бемантиќи хеш мардумро гумрох мекунад ва бо овардани мафхумхои «мазаи мусалмон будан», «лаззоти чашидани» ва «умури баён нашудан ва таъриф накардан» мардумро гул мезанад, зеро ин харфхо метавонанд љавонони нохудогоху камдонишро гумрох кунанд ва савќ ба сўи созмонхои љиходию террористи диханд. Ин аст чехраи воќеии Юнус Бурхонов бо тахаллуси Сайидюнуси Истаравшани, ки худро ном мегирад мо бояд онро дуруст бишносем, ки ин хамон кури Сайдюнус аст.

Эхсони Илхом,

тахлилгар

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:11907
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:26434
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48358
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8257870

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?