06 Ноябр 2018
Идомаи мақолаи «ТУ ҶУҒЗӢ, КИ АЗ ҶАЗИРИҲО СУХАН ГӮӢ» (Қисми 2)
Аз ҷониби фидоиёни Ватан, коргару меҳнаткашон вокуниш нишон медиҳанд ва аз ҷониби оппозитсияи бадманиш, «лидеракҳо»-и гуреза, суст ва инфъиолӣ. Худ қазоват кунед.
Чи тавре ки Фурқат Олимов, муҳандиси барқ, собиқадори НБО «Норак» дар мақолаи («ТУ ҶУҒЗӢ, КИ АЗ ҶАЗИРИҲО СУХАН ГӮӢ» (Дар партави сангпартоиҳои оппозитсия ба рафти сохтмони аср-НБО «Роғун») дар бораи фаъолияти зиддимиии паймонакҳои хориҷимаоб изҳори ақида карда буд,»Оппозитсияи фирорӣ, кӯтоҳандеш ва миллатситез. Оппозитсияе, ки аз биниаш дуртар намебинад. Оппозитсияе ки дарк намекунад, ки бо оғози кори НБО «Роғун» хонаи тоҷик, аз ҷумла падару модар ва хешутабори онҳо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз нур баҳравар мешавад, на аз торикиву зулмот, ки мухолифини мутлақандеш дар муддати ҳукумати 6 моҳаи мусолиҳаи худ дар соли 1992 ба армуғон оварда буданд. Бад ин васила, бар ҷомеа фарҳанги хушунат, қатл ва мардумозориро таҳмил мекарданд. Мухолифони доим гуреза намефаҳманд, ки агар дар масъалаҳои ҷузъӣ мухолифатварзӣ бозие беш нест, дар масъалаҳои муҳими давлатӣ иттиҳод ва ваҳдати назар ҷузъи фарҳанги сиёсӣ аст. Куҷо гӯши гапшунав ва шахси додрас?»
Ин меҳнаткаш боварманд аст, ки «Амдан ва қасдан калимаи воло ва гуҳарбори «Тоҷик»-ро дар қиболи оппозитсия намегузорем. Оппозитсия агар дар кишварҳои алоҳида тобиши созандагӣ дорад, интиқодро бо нишон додани роҳи мушкилот омехта мекунад ва то андозае фаъолияти онро раво медонанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оппозитсия ёғӣ, балвогар ва ба сурати умум на душмани ғоявӣ, балки рақиби оштинопазири миллӣ ва арзишҳои миллат аст».
Ф.Олимов чанд далел овардааст:
«Якум, тасарруф, сӯистифода ва ба таври мутлақ забту ишғол кардани ғояҳои демокративу мардумсолорӣ дар замони рӯзҳои нахустини касби Истиқлол ва ба онҳо додани пӯшиши сирфан хурофотии асримиёнагӣ;
Дуюм, инкор кардани ақидаи дунявии аксари мардум ва таҳмили андешаи яксара танги «инқилоби исломӣ»;
Сеюм, охири солҳои 80-уми асри 20, интеллигентсияи ҳушёр ва бедори кишварҳои пасошӯравӣ, дар сатҳи минтақа ва чаҳон барои ёфтани роҳҳали буҳронҳои иқтисодӣ, стратегӣ ва ҳарбӣ ҷонканӣ мекарданд. Дар назди роҳбарияти вақти Шуравӣ масъалагузорӣ менамуданд, имтиёз металабиданд. Акнун, таззоди мантиқро бинед: Оппозитсияи домулломеҳвари ҶТ ба зиддиятҳои миллӣ ва маҳаллӣ доман мезаданд, вазъиятро ба нооромӣ меоварданд ва артише ки бо тамоми абзораш бо ду дасти адаб бояд дар ихтиёри ҶТ қарор мегирифт, як унсури нодаркор барои давлат медонистанд.
Чорум, чун аждаҳои аз хоб бедоршуда, оппозитсия,ки на фаҳми сухан дошт ва на аз оянданигарии миллат бӯе мебурд, тазоҳуроти фарогир бар зидди лоиҳаҳои калидии иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли аккамуляторҳои алюминӣ, мошинсозӣ ва сохтмони НБО «Роғун»-ро ба роҳ монд. «Роғун» лоиҳаи «зиддимардумӣ» эълон шуд. «Модару падари миллат», ки забони гӯёи оппозитсия буданд, худӣ ва ҷаҳониёнро мутақоид месохтанд, ки ин лоиҳа бар зарари мардум аст, табиатро валангор ва мардумро беҷою макон мекунад.
Ҳамчун паёмади ин бозиҳои ҷоҳилона ва нохирадонаи онҳо буд, ки имкониятҳои воқеӣ аз даст рафтанд, мутахассисони русзабон, ки дар ҷомеаи тоҷикӣ унс гирифта бо расму ойинҳои миллӣ гиреҳ хӯрда буданд, баъд аз шиорҳои «Русҳоро гаравгон гиред», ки аз ҷониби саркардаҳои созмони «шутурговпалангӣ»-и муллоҳои демократмаоб садо медод, Ватанро яксара тарк карданд.
Бинобар решаҳои амиқи хатарофарии оппозитсия ба тақдири ин миллат, дар бораи банди чоруми хиёнатҳои оппозитсия, ки монеаи сохтмони НБО «Роғун» буд, дида мегузарем.
Сараввал, оппозитсия дарк кардааст, ки бо сохтмони НБО «Роғун», бозгашти онҳо аз мулки ғурбат, ки дар он ҷо аз 15 нафар зиёд нестанд ва ҳама ба куллӣ иғовагаранд, сипари ҷиддӣ гузошта мешавад ва мардум худ довталабона мухолифи ақидаҳои ҷазмбоваронаи онҳо мегардад, ки ин ақида то имрӯз иборат буд танҳо аз як даъво: барқ нест.
Ҳоло ки истиқлоли энергетикии Тоҷикистон бо обилаи дасти коргар ва мудирияти волои давлатмардони тоҷик бино меёбад, асосе, далеле, хасе ва санге барои пойгоҳи эътирозӣ, ки хоси мухолифмашрабон аст, дигар пайдо намешавад. Ба ибораи дигар, оппозитсияи ҳамеша муҳоҷир риторикаи танқидии худро ба гӯр мебарад ва Нурулло Қурбоновҳо, ки фаровардаи торикиҳои оппозитсия ҳастанд, ҷойгоҳашон таҳхонаҳои кишварҳои гадопарвар аст. Зеро, «Гадо, ки аз як дар гузашт, шарми рӯяш мепарад».
«Роғун» нанги тоҷик аст, ки мардумро барои якумра бо барқ таъмин хоҳад кард. Хушбахтона ҷойгоҳи оппозитсияи душманпарвар аз ин ба баъд дар ҷомеаи тоҷик доим холӣ хоҳад монд.
Ҳамин тариқ мо бо Фурқат Олимов ҳамфикрем, ки таҳлили фаъолияти се даҳаи оппозитсия дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки онҳо ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллатанд, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнашон нақш бастааст, ки мехоҳанд ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд.
Фарҳод Калонов, таҳлилгар