Матни равон

Дар сомонаи балегӯйи ҳалқаҳои ифротии «isloh.net», маводи мамлу аз ғайбат ва таҳқир бо номи «Ҳукумат - аждаҳои миллат» ба чоп расид. Дар саргаҳи ин дарёи ғайбат шахси инфъиолӣ, фирорӣ, даҳшатафкан, пуррӯ, орӣ аз нангу номус ва сустак Муҳаммадиқболи Садриддин меистад, ки аз ҳисоби сармояи ҳангуфти душманони миллат қути лоямут ёфта, ба ҳаромхӯрӣ машғул аст. Зи нопокон мадоред умед,  Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед, басо ҳадафманд гуфтааст. Ин гуфта ба М.Садриддин рост меояд. Писаир аршади яке аз аъзои ТТЭ ҲНИ умри бешуури худро сарфи миллаткушӣ ва маҳалгароӣ кард.М.Садриддин, душмани шуурии ин миллат аст. Чанд далле аст, ки М.Садриддинро аз шерозаи ин миллат дур нигоҳ медорад:

 

1)    Мансубият ба доираҳои тундгаро, ифротӣ ва зиддимилӣ дар хориҷи кишвар.

2)    Шарикӣ дар нақшаҳои зиддитоҷикӣ дар қаламрави кишварҳои сеюм. Агар дар солҳои 90-ум ин гуна кишвар Афғонистон буд, ҳоло бинобар тамоюли пулдӯстии ин авлод, кишварҳои атрофи Халиҷи Форс мебошанд.

3)    Мафтуншавии Муҳаммадиқболи Садриддин ва атрофиёнаш аз мафкураи ихвонӣ, яъне ҳамон мафкурае, ки ДОИШ ва «ал-Қоида»-ро ба вуҷуд овард ва Сурияву Ироқро ба хок яксон кард.

4)     Мансубияти Муҳаммадиқболи Садриддин ба ин хоку бум боз аз он лиҳоз, машкук ва хатарофар аст, ки ӯ чун абзори дасти хоҷагони хориҷӣ, нашри маводи ғаразноки зиддимиллиро ба забони хориҷӣ ба роҳ мондааст ва чун пойгоҳи зиддииттилоотии рақибони минтақавӣ ба муқобили дастовардҳои ҷумҳурӣ мубориза мебарад.

5)    Зикри ашхоси баландрутба ва баобрӯ дар ғайбатномаҳояш, ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад ва шахси оянданигар чунин бояд намекард. Бо ду дасти адаб, Муҳаммадиқболи Садриддин, худро ба вартаи ҳалокат мебарад, ҳам марги тадриҷӣ ва марги эътиқодӣ.

6)    Кӯдаки ҳушёр пистони ду моморо мемакад. Муҳаммадиқболи Садриддин ин ҳолатро амалӣ мекунад. Вале ӯ фаромӯш кардааст, «Панири ройгон танҳо дар мушқаппак аст», ба ҳар ҳарфу сухан ҷавоб бояд дод.

 

Чи тавре ки таҳқиқгар Комилов Ф. дар мақолаи  «Муҳаммадиқболи Садриддин – балвогари ашаддӣ ва забони гӯёи ҷинояткорон» аст, менигорад: «Ягона фарде ки аз сар задани ҳар нуқсу айб дар Точикистон табли шодӣ мезанад ва хурсандӣ мекунад, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддини салафӣ аст». Таҳлили фаъолияти се соли охири ин оппозитсионери бахтбаргашта ва ачдодаш дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд.

Саркардаи салафиҳои хориҷӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, дар асл чокар ва навкари хадамоти амниятии яке аз кишварҳои сеюм мебошад ва зимни ироаи гузоришҳо росту дурӯғро ҷамъ оварда, сари ашхоси баобрӯ мерезад. Муҳаммадиқболи Садриддин ҳушдори №1 ба ту. Ёвасароӣ ҳад дорад.  Умри ҳарфҳои ботилат кӯтоҳ аст. Ба мисли умри козибат.

 

Ба орзуи муолиҷаи дарди бедаъвои ғайбатсарой  Муҳаммадиқболи Садриддин.

Каримов  Ф. сокини ш.Бохтар, муаллим

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1886
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16572
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53023
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8262535

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?