06 Май 2015
Дар Кохи Истиқлол озмуни «Фарҳанги оиладории ҷавонон» аз рӯи панҷ шарт бо ибтикори бахши кор бо занон ва оила тибқи нақшаи таҳиягардида ба «Соли оила» доир гардид.
Ҷамолиддин ва Мастона Маюсуфовҳо аз шаҳраки Адрасмон хеле хуб баромад карда соҳиби шоҳҷоиза шуданд. Мақоми ифтихорӣ насиби оилаҳои Қодировҳо аз маркази шаҳр ва Абдураҳмоновҳо аз шаҳраки Консой гашт. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.