13 Ноябр 2018
Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ” (309, аз 18-уми июли соли 2018) дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон ва барномаи калони консертии санъаткорони шаҳр доир гардид.
Дар фестивал-озмун гулистониён ба маърази умум намунаи санъати ҳунармардӣ, аз қабили бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, оҳангарӣ, рассомӣ, армуғонсозӣ, ҳамчунин намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ, нону маҳсулоти ордӣ, қаннодӣ ва амсоли инро пешниҳод намуданд.
Ба аъзои ҳакамон махсусан намоиши атласу адрасбофӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии маорифчиёну табибон, сокинони шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор ва рассомони ҷавон хеле писанд омад.
Барномаи рангини санъаткорони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар васфи Ватан, ваҳдату субот ва тараннуми табиати зебои диёр ба чорабинӣ ҳусни хотима бахшид.