Матни равон

Бо ба кор андохтани чархаи аввали пружаи НБО Роғун Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи аввали татбиқи ҳадафи стратегӣ –истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Ин ҳадафи стратегӣ ду ҳадафи дигарро, ки тадриҷан татбиқ шудаанд, такмил медиҳад ва барои ба сатҳи кишварҳои тараққикарда ва мутамаддин расидани Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Аз ин ҷост, ки 16 ноябр барои мардуми Тоҷикистон Рўзи мурод ба шумор меравад ва ин сана ба унвони санаи таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи ватанӣ боқӣ мемонад.

Дар баробари ин ки тоҷикистониён ин рўзи муборакро таҷлил мекунанд, душманон ва бадхоҳони халқу давлат аз ин тантанаҳои ҷашнӣ ба хашм меоянд ва хашмашонро асосан рўйи сафаҳоти расонаҳои берунӣ мерезанд. Дар рўйхати нотавонбинон, пеш аз ҳама, аъзо, пайравон ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва гурўҳҳои ба он марбутро метавон ҳамроҳ кард. Маълум аст, ки ин мардум аз пешравӣ, тараққӣ, рушду нумуи кишвар на танҳо изҳори шодию сурур намекунанд, балки бо мардум нафрат ва кина меварзанд. Ҳар як хабари шодиовар барои ин гурўҳ дарди сар аст ва барои ҷуброни дардҳои дарунию равонӣ ва тасаллои хотир дарҳол вокуниш нишон дода, матолиби муғризона нашру пахш мекунанд ва аз ин тариқ алангаи хашми худро сокит менамоянд.

Маълум аст, ки баномаҳои сиёсӣ-стратегиашон, ки тайи солҳои тўлонӣ тарҳрезӣ кардаанд, самар надод, нақшаҳо ва ҳангомасозиҳояшон дар робита бо номуваффақии сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифр баробар шуд, кохи фазлфурўшию риёкориҳои роҳбарияти фирории наҳзатӣ дар ҳоли азҳампошӣ қарор дорад…

Шумо тасаввур намоед, ҳар амале, ки бар манфиати давлату халқ сурат бигирад ва онро давлат ба нақша гираду анҷом диҳад, дар назари нотавонбинон ҳеҷ аст. Аксари кулли матолиби расонахои наҳзатӣ бар асоси нотавонбинӣ ва нафратварзӣ таълиф шудаанд ва характери риёкорию ҳангомасозӣ доранд. Дар ягон матлаб расонаҳои наҳзатӣ хушбинӣ ва хушҳолӣ аз кори мақомоти давлатӣ ба назар намерасад ва ҳар ахбори ҳукуматиро аз дидгоҳи танги нафрату адоват баҳо медиҳанд. Аз ҷумла, матолибе, ки дар масъалаи муҳимми рўз – ба кор даромадани чархаи якуми ИБО Роғун интишор меёбанд, ба ахбори ба истилоҳ, «доғ» бадал мешаванд ва сару садоҳои наҳзатиро ба бор меоваранд.

Аммо барои мардуми мо 16 ноябр ба унвони Рўзи Истиқлолияти энергетикӣ арзиш дорад, чаро ки истеҳсолоти барқи ватанӣ истеҳсолоти миллӣ маҳсуб меёбад ва бо зиёд шудани иқтидори энергетикӣ кишвари мо ба дараҷаи яке аз кишварҳои бузурги истеҳсолкунандаи минтақа  мерасад. Ин орзу ва ормони давлати Тоҷикистон буда ва ҳаст. Ҳанўз дар замони Шўравӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ин орзуро дар дил мепарварид ва бо фаро расидани фурсати муносиб давлат имкони татбиқи пружаи асрро рўйи даст гирифта, ба марҳилаи аввал даст ёфт. Даст ёфтан ба чунин натиҷа дар ин марҳилаи муҳимми таърихӣ даст ёфтан ба комёбиҳои беназири саноатиро ба дунбол дорад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба халқу миллат ин пружаи сарнавиштсози миллиро то ба охир дунбол мекунад ва мутмаинем, ки дар ин роҳ муваффақ мешавад.

Ба умеди ободии кишвар ва хушрўзии ҳамватанон,

Саид Носир

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3426
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3426
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54563
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264075

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?