16 Ноябр 2018
Шабаҳе болои сари Кабирии террорист, думравакону лаганбардорони қаламбадасташ - Темури Варқӣ, Кӯри Юнус, Мирзои Салимпур, Муҳаммадиќболи Садриддин ва асолатбохтаи дигар ва инчунин хоҷагони хориҷиаш наздик шудан дорад. Шабаҳи мусибат. Мусибате, ки барои эшон бо фоҷиа баробар аст.
Аслан, ҳар як пешравӣ, дастовард, муваффақияте, ки насиби мардуму миллату давлати Тоҷикистон мегардад, барои онҳо мусибат аст, мотам аст. Аз қаҳру ғазаб даруни хешро мехӯранду аламашонро аз қалам мегиранду аз саҳифаҳои иҷтимои дар “Фейсбук”, “Твиттер”, “Ютуб” ва ғайра. Чунон чирк аз зери нохун меҷӯянд, ки худ дар он ғарқ мегарданд ва чун пайдо накарданд, пайи афсонабофӣ меафтанд. Барои таскини қалбашон мебофанду менависанду мехонанд.Чӣ кунем? Муқтазои табиати ин бечорагони дарбадар ҳамин аст. Ҳамеша дар хурсандии миллат мотам гирифтан. Тобу тавони дидани чеҳраи хандони тоҷикро надоранд.
Зеро луқмаи нонашон аз интиқоди Тоҷикистон аст. Дастури хоҷаҳояшонро доранд, ки ба ҳеҷ минвол бояд дар хурсандии миллати худ шарик нашаванд. Онҳо бояд тоҷикро танҳо ва танҳо бо хоку хун олуда бинанд. Тоҷики орому осуда, бо давлати мустақилу озод барояшон лозим нест. Барои ҳамин ҳам “Паймони зиддимиллӣ” сохтаанд. То ҳар қадар, ки тавонанд дар чархаи рушду тавсиаи Тоҷики куҳанбунёд ва Тоҷикистони навину дунявӣ чӯб гузоранд.Вале ҳар дафъа чӯбашон мешиканаду тарошаҳои он чунон дар фарқи сарашон мезанад, ки моҳҳо ба худ намеоянд. На худу на хоҷагони ғаразҷӯяшон.
Имрўз дар Тоҷикистон чархаи нав ба гардиш медарояд. Чархае, ки барои ҳар як сокини Тоҷикистон ҷашну хушнудӣ меорад. Ҷашни пур аз нуру сафо. Чархае, ки бо як расидани сари ангушти мардонаи Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик кори НБО Роғунро ҳусни оғоз мебахшаду аз нури он чеҳраи ҳар як сокини Тоҷикистон мешукуфад, нурборон мегардад, камбуди барқ дар саҳфаҳои гузаштаи таърихи миллат боқӣ мемонад ва мо роҳ мегирем ҷониби фардои дурахшон.
Вале ин ҷашну хурсандӣ боз барои ҷамъе кӯрдилу ҳасуду худбохтаю хоиноне чун кабириҳо, варқиҳо, салимпурҳо, кӯру каҷалаҳои наҳзатӣ ва хоҷагонашон яқинан мотам хоҳад овард. Ин нур дили сиёҳи онҳоро ториктар хоҳад кард. Чашмони аз гиряҳои ғарибӣ хирагаштаашонро хиратар хоҳад сохт. Ва шояд ин қалбҳои сиёҳу залилгашта, қуввати бардошти ин рӯзи хушбахтии миллат, ин нури зиё, ҷонбахшу ҷонфизоро накарда бо фоҷеаи охирини умри худ рӯ ба рӯ шаванд. Рӯзи бадтарини ин бадбахтону кӯрдилон мешавад.
Танҳо аз ин боке нест, онҳо муҷиби он қадар фоҷеаҳо барои миллати худ гаштаанд, ки бояд худ дар оташи андӯхтаашон бисӯзанд. Ва ҳатман месӯзанд аз нури Роғун.
Ёралии Набӣ