Матни равон

Нисбат ба ташкилкунандагон ва иштирокдорони ошӯби зиндони №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он маҳбусон бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, терроризм ва экстремизм адои ҷазо менамоянд, тафтишот идома дорад. Лекин, тибқи маълумоти расида, аллакай маълум аст, ки ташаббускорони асосӣ ва гунаҳкорони куштори одамон, аз ҷумла посбонон, аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар он адои ҷазо менамоянд, мебошанд. Дар ин кор ба онҳо ҳаммаслаконаш аз озодӣ мусоидат намуданд. Маҳз онҳо ин фоҷиаи хунинро барангехта, онро ба рӯйдоди муҳими сиёсию иқтисодии Тоҷикистон – 16 ноябри соли равон ба истифодадиҳии аввалин агрегати иншооти стратегӣ – НБО «Роғун» рост овардаанд. Вале, онҳо муваффақ нашуданд, зеро аҳамияти бузурги НБО «Роғун»-ро барои тамоми минтақа дарк карда, меҳмонони олиқадри хориҷӣ ва беш аз 100 хабарнигор аз 30 давлат барои иштирок дар ин чорабинии тантанавии азим ба ин ҷо меоянд. Чунин муваффақияти якҷояи Ҳукумату мардум неруҳои бадхоҳонаи террористию экстремистиро, ки ТТЭ ҲНИ, Ҷамоати Ансоруллоҳ (қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ), ДИИШ ва дигар гурӯҳҳоро намояндагӣ мекунанд, ором намегузорад. Табиист, ки дурнамои ба истиқлолияти энергетикӣ расидани Тоҷикистон на инҳову на онҳоро шод мекунад. Ҳамаи онҳо хашмгин мешаванд ва бадхоҳонаву ҳасудона ба он муваффақиятҳое, ки ин давлати ҷавони соҳибистиқлол дар тӯли ҳамагӣ 30 сол ба даст овард, аз дур мушоҳида мекунанд. Аз дур мушоҳида мекунанд, чунки фаъолияти онҳо мамнӯъ аст. Дар Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ ғайриқонунӣ мебошанд. Роҳ ба иншооти муҳими стратегӣ – НБО «Роғун» ва дар маҷмӯъ ба ин кишвар барои онҳо ҳамеша бастааст.

Аъмоли террористон, тахрибкорон, ҷинояткорон ва ифротгароён барои ҳама гуна НБО таҳдиди хосса мебошад. Бинобар ин, бо донистани моҳияти воқеӣ ва ҳадафҳои ТТЭ ҲНИ, ки аъзояш борҳо дар ҷойҳои серодам ҳамлаҳои террористӣ ташкил намудаанд, маълум мегардад, ки чаро онҳоро набояд ба НБО «Роғун» ҳатто дар «масофаи дур» роҳ дод. Хусусан дар масъалаи баррасӣ ва омодагӣ ба сохтмони ин лоиҳаи обӣ ТТЭ ҲНИ мавқеи нозири берунаро пеша карда буд. Аъзои он мавқеи худро нисбат ба ин масъала ягон маротиба изҳор накарда, ба манфиати хоҷагону сарпарастони хориҷиашон, ки муваффақият, шукуфоӣ ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро намехоҳанд, хомӯшӣ ихтиёр намуда буданд.

Ба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ба ҳамаи ин рӯйдодҳо танҳо аз дур мушоҳида кардан мемонад. Зеро ин ҷашни миллӣ шикасти ниҳоӣ, рӯзи сиёҳ ва фоҷиаи бузурги онҳост. Имрӯз онҳо ва хоҷагони хориҷиашон усули фаъолияти ҷиноии худро иваз кардаанд. Ҳоло онҳо нақшаҳои террористии худро махфиёнаву пинҳонӣ зери бренд, ном ва парчами дигар амалӣ мекунанд.

Маҳз барои ҳамин ҳам М. Кабирӣ ТТЭ ҲНИ-ро бо пардае таҳти унвони «Паймони миллии Тоҷикистон», ки дар асл зиддимиллист, мастур намуд.

Маҳз ба ин хотир террористони ТТЭ ҲНИ нисбат ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара амали террористии мудҳишеро анҷом дода, онро зери парчами ДИИШ рӯпуш карданд. Ҳоло дар робита ба ин ин ҷиноят тафтишот идома дорад. Роҳбари даста, иҷрокунандаи асосии ин ҷиноят Х. Абдусамадов ва 14 аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар амали террористии мазкур даст доштанд, боздошт шудаанд. Директори Бюрои федералии тафтишоти Амрико барои расонидани кумаки амалӣ дар таҳқиқоти куштори сайёҳони велосипедрон ба Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Маҳз ба ин хотир, баъди ташкили ошӯб дар зиндон ҳаммаслакон ва илҳомбахшони ғоявии ТТЭ ҲНИ хабареро паҳн намуданд, ки гӯё узви гурӯҳи террористии ДИИШ посбонро бесилоҳ гардонида, яроқи ӯро гирифтааст ва ҷониби нозирону посбонон тир кушодааст. Дар ҳоле, ки ташкилкунандагони асосии ин ошӯб аъзои ТТЭ ҲНИ, ки бо ҷурми фаъолияти террористӣ маҳкум шудаанд, мебошанд.

Саркашӣ дар зиндон оқибатҳои навмедонаву мудҳишро ба бор меоварад. Хусусан, агар ошӯбгарон террористу қотил бошанд. Зеро онҳо ба қадри ҳаёти худ ва дигарон намерасанд. Ва зоҳиран, тарбияи дубораи онҳо ва иқрори гуноҳҳо бо мушкилӣ пеш меравад. Бинобар ин, аъзои ТТЭ ҲНИ ташаббускори ошӯбу фирор гардида, ба ин кор ҳамутоқони худро таҳрик намудаанд

Беҳуда будани ошӯби зиндон возеҳ аст – чӣ гунае, ки ошӯб накунӣ, дар ин ҷо туро тартиботи шадид, интизом ва маҳдудиятҳои зарурӣ интизор аст. Таассуфовар он аст, ки дар натиҷаи саркашӣ, бо айби террористону қотилон, ки намехостанд адои ҷазои қонунӣ намоянд,  ҷавононе, ки вазифаҳои хизматиашонро  содиқона иҷро мекарданд, маҷрӯҳ ё ҳалок гардида, фарзандони хурдсоли онҳо ятим монданд. Вале, новобаста аз фитнаҳои қувваҳои бадхоҳи Тоҷикистон, ин ятимон ва дигар кӯдакони Тоҷикистонро ояндаи дурахшон, ки бо дасти падарони онҳо сохта шудааст, интизор аст. Аллакай пагоҳ онҳо шоҳиди рӯйдоди фархунда – кушодашавии НБО «Роғун» хоҳанд шуд.

Анвар ТӮРАЕВ,

узви Шӯрои ҷамъиятию ҳуқуқии вилояти Суғди ҶТ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4001
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4001
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55138
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264650

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?