18 Май 2015
Бозорро оинаи шаҳр мегӯянд. Маҳсули меҳнати соҳибкорони хурду миёна маҳз дар ҳамин ҷо манзури харидор мешавад. Меҳнати соҳибкор ба рушди иқтисодии давлат мусоидат ва таъсир мерасонад. Фаъолияти «Бозори Қайроққум» талаботи аҳолиро қонеъ намекард.
Бо иқдоми Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо назардошта тозаю озода, ободу зебо ва дорои шароитҳои мусоид будани бозори хусусии Аваз Бобоназаров бозори шаҳрӣ гардид. Шаҳрвандон ва меҳмонон акнун метавонанд маҳсулотҳои ниёзи хешро аз инҷо дарёфт намоянд.